ДАВИ МИЛЛӢ ВА МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ
Субҳи 17-и май дар маркази ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки доираи васеи сокинон мусобиқаи Дави миллӣ ва веломарафон гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур муовини якуми раиси ноҳия Шарифзода Аҳлиддин, муовинони раиси ноҳия, раиси дастгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ, инчунин раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ширкат варзиданд. Ҳамасола моҳи май дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ бо иштироки васеи сокинони мамлакат, намояндагони кормандони касбу кори гуногун, вазорату кумитаҳо, корхонаю муассиса ва ташкилоту идораҳо Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонон баргузор мегардад.
Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» ҳамасола дар ҷумҳурӣ якшанбеи сеюми моҳи май гузаронида мешавад. Дави миллӣ маъракаи умумимиллӣ буда, мақсад аз баргузории мусобиқа таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он дар байни аҳолӣ мебошад. Таваҷҷуҳ ба соҳаи варзиш ва бо ин роҳ таъмин намудани солимиву саломатии аҳолӣ яке аз ҳадафҳои асосии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Мусобиқаи дав ва марафони велосипедронӣ аз даромадгоҳи шаҳраки Сомониён то майдони марказии ноҳия давом карда, ғолибон дар миёни мардон ва занон муайян гардиданд. Баъди ҷамъбасти мусобиқа нафарони пирӯз аз ҷониби бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия бо Сипоснома ва туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ карда шуданд.

