ФУТБОЛ - РАМЗИ ДӮСТӢ ВА ПИРӮЗӢ
Паёми табрикии раиси ноҳияи Рӯдакӣ Нусратулло Салимзода ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол
Ҳамдиёрони азиз!
Ҳаводорони футбол!
Бо камоли эҳтиром, ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, руҳияи қавӣ ва дар роҳи рушду густариши ин варзиши маҳбубу оммавӣ комёбиҳои нав орзу менамоям.
Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳнамоиву сиёсати дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускору созанда эътироф гардидааст. Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста ҷонибдорӣ ёфта, мавриди татбиқ қарор гирифта истодаанд.
Боиси ифтихор аст, ки соли 2024 бо ташаббуси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид 25 май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон гардид. Ин иқдоми муҳим бори дигар мақому ҷойгоҳи футболи тоҷик ва саҳми Тоҷикистонро дар рушди варзиш дар сатҳи байналмилалӣ собит намуд.
Ҳамдиёрони гиромӣ!
Футбол имрӯз василаи муҳимми таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва муттаҳидсозандаи мардумони гуногуни ҷаҳон ба шумор меравад. Ин бозии маҳбуб дар қалби миллионҳо инсон ҷой гирифтааст.
Тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Бо дарназардошти маҳбубият ва оммавияти худ, футбол имрӯз на танҳо як намуди варзиш, балки омили муҳимми таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии халқҳо гардидааст».
Қайд кардан зарур аст, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва рушди соҳаи варзиш, аз ҷумла иҷрои “Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуда истодааст.
Боиси сарфарозист, ки дастаи “Рангон” дар мусобиқаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон иштироки фаъол намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардидааст. Ин дастовардҳо натиҷаи таваҷҷуҳ ба рушди варзиш, заҳмати мураббиён, бозигарон ва дастгирии ҳаводорон мебошад.
Ҳамдиёрони гиромӣ!
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ минбаъд низ барои рушди футбол, зиёд намудани шумораи майдончаҳои варзишӣ, ҷалби наврасону ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш тамоми имкониятҳоро истифода хоҳад бурд.
Бори дигар ҳамаи шумо - варзишгарон, ҷавонон ва дӯстдорони футболро ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол самимона муборакбод гуфта, бароятон тандурустӣ, хушбахтӣ ва пирӯзиҳои нав орзу менамоям.
Рӯзи ҷаҳонии футбол муборак бод!

