ҲАФТАИ “ПОСИ ХОТИР”. ЧОРАБИНИИ МАЪРИФАТӢ ДАР ГИМНАЗИЯ-ПАРВАРИШГОҲИ БА НОМИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ
Дар доираи ҳафтаи “Поси хотир” бахшида ба 81-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги ҷаҳонии дуюм, санаи 7-уми майи соли ҷорӣ дар Гимназия-парваришгоҳи ба номи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Рӯдакӣ чорабинии маърифатӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Ҳабиба Мусоева, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ Аҳмадзода Раҳматулло, раиси ташкилоти ҳизбии Ҷамоати деҳоти шаҳраки Сомониён Сидиқов Абдулхайр, раиси ташкилоти ҷамъиятии маъюбони Чернобил Нурматов Толиб, директори гимназия Раҷабализода Покравон, инчунин, омӯзгорону хонандагон иштирок намуданд.
Зимни суханронӣ меҳмонон аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ҳозиринро ба муносибати 81-умин солгарди Рӯзи Ғалаба табрик гуфта, аз саҳми арзишманди фарзандони Тоҷикистон дар таъмини пирӯзӣ бар фашизми гитлерӣ ёдовар шуданд. Қайд гардид, ки ҷоннисорӣ ва қаҳрамонии падарону модарони мо барои насли имрӯз мактаби матонату ватандӯстӣ мебошад. Таъкид шуд, ки ҳифзи хотираи таърихӣ, эҳтиром ба корномаи иштирокчиёни ҷанг ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи худшиносиву ватандорӣ аз вазифаҳои муҳимми ҷомеа ба шумор меравад. Дар фарҷом аз ҷониби хонандагони гимназия барномаи фарҳангӣ манзури ҳозирин гардонида шуд.

