ПАЙЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ РӮДАКӢ МУҲТАРАМ САЛИМЗОДА НУСРАТУЛЛО БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА
- Диданд: 34
ПАЙЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ РӮДАКӢ
МУҲТАРАМ САЛИМЗОДА НУСРАТУЛЛО БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА
Ҳамдиёрони азиз!
Боиси қайд аст, ки ҳамасола дар саросари кишвари азизамон-Тоҷикистон ба хотири гиромидошти оила, ки асоси ҷомеаро ташкил медиҳад, санаи 15-уми май дар қатори дигар кишварҳо Рӯзи байналмилалии оила таҷлил мегардад. Таҷлили байналмилалии Рӯзи оила аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз эҳсоси эҳтиром ба оила ва баланд бардоштани мақоми он дар зеҳни мардуми сайёра бетараф набуда, баръакс ба мустаҳкам намудани он кӯшиши беш аз пеш дода истодаанд.
Эълони ин сана соли 1993 бо қарори Маҷмааи умумии СММ ва ба хотири пос доштани арзишҳои фарҳангии оиладорӣ сурат гирифта, инак 33 сол мешавад, ки мардуми сайёра, аз ҷумла, сокинони кишвари соҳибистиқлоламон ин рӯзро таҷлил менамоянд.
Ба муносибати ин санаи муборак шумо ва дар симои шумо тамоми оилаҳои хушбахти диёрро табрику шодбош гуфта, бароятон, пеш аз ҳама, бахту иқболи баланд, хушрӯзию хушбахтии хонаводагӣ ва саломатию сарбаландӣ таманно менамоям.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон дар бораи оила чунин қайд намуданд, ки “Оила мактаби аввалинест, ки инсон дар он тарбият мегирад, донишу малакаи рузгордориро аз худ мекунад, ҳамзистӣ бо атрофиёнро меомӯзад ва таъсири оила ба инкишофи минбаъдаи шахсият ҳиссагузор мебошад”.
Таҷрибаи таърихӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки асоси ҷомеаи солим ва маҳаки иқтидору қудрати давлату давлатдорӣ аз устувории оила сарчашма мегирад. Ҳамон тавр, ки иморат аз хиштҳо бунёд мегардад, асоси ҷамъиятро низ оилаҳо ташкил медиҳанд. Оила дар ҳар давру замон баҳри пешбурди ҷомеа, муайян намудани сохти иқтисодию сиёсӣ, иҷтимоию фарҳангии ҳар халқу миллат мақом ва аҳамияти хоса дошт. Бесабаб нест, ки бузургон оиларо шаҳсутуни зиндагӣ, асоси давлат, танзимгари рушду нумӯи миллат номидаанд. Тамоми бурду бохти зиндагӣ ҳамчун ҷавҳари ҷамъият ба кори оила робитаи ногусастанӣ дорад. Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: “Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбад".
Лозим ба қайд аст, ки мустаҳкаму пойдор гардонидани оила боиси устуворию пурқувватии давлату миллат ва ҷамъият буда, тавассути оилаю оиладорӣ мо метавонем беҳтарин анъанаю одатҳоро идома дода, худшиносии миллӣ ва маърифати баланди оиладориро дар зеҳн ва мағзи аҳли ҷомеа бахусус ҷавонон ҷойгир намоем.
Ин маврид ҳар фарди худшинос ва аҳли фаъоли ҷомеа, махсусан калонсолон ва нафарони рӯзгордидаро водор бар он месозад, ки фарҳангу одоби оиладориро ба насли наврас ба хусус ҷавонон омӯзонанд, зеро шароити имрӯзаи ҷаҳони муосир, бахусус ҷаҳонишавии масъалаҳои оиладорӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои иртиҷоӣ, қабул намудани фарҳанги оиладории ба мо бегона, никоҳи хешу таборӣ, ҷудошавии оилаҳо, ба хусус оилаҳои ҷавон ҷомеаи моро ҳушдор месозад, то ки мо тарбияи фарҳанги оиладории ниёгони хешро аз байн набарем, балки аз он ибрат гирифта баҳри уствориву муқаддасии оила пурсамар истифода намоем.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзу ҳимояи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии оила, кӯдак ва волидайн қадамҳои устувор мегузорад. Принсипи инсондӯстӣ ва ятимпарварии Пешвои миллат аҳли ҷомеаро водор месозад, ки барои мустаҳкамии оила кӯшиш намуда, онро ҳамчун масъалаи муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ қабул намоянд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ низ ҷиҳати таҳкими оила, бахусус оилаҳои ҷавон, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, сафарбарии аҳли ҷомеа ба бунёдкорию созандагӣ, ки дар маҷмӯъ ба шукуфоии ватани азизамон мусоидат менамоянд, ҳамасола тадбирҳои мушаххас меандешад. Зеро, ҷомеаи солим аз кӯдаки солим, кӯдаки солим аз модари солим, модари солим аз бунёди оилаи солим сарчашма мегирад.
Бори дигар фаро расидани Рӯзи байналмилалии оиларо ба кулли ҳамдиёрони азиз табрик гуфта, бароятон рӯзгори орому осоишта, ҳаёти пурфайзу шукӯҳ, некномиву нексириштӣ ва болидахотириву сарбаландӣ таманно менамоям.
- Диданд: 25
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ РӮДАКӢ МУҲТАРАМ САЛИМЗОДА НУСРАТУЛЛО БА МУНОСИБАТИ 81-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНИИ СОЛҲОИ 1941-1945
Ҳамдиёрони азиз, сокинони сарбаланди ноҳияи Рӯдакӣ! Санаи 9-уми майи соли 2026 ба Ғалабаи бузурги халқи сулҳпарвару тараққихоҳи олам бар фашизми гитлерӣ ҳаштоду як сол пур мешавад. Ба ин муносибат тамоми мардуми ноҳияро самимона табрику таҳният гуфта, ба хонадони ҳар кадом сокини ноҳия фазои орому осуда, хотирҷамъӣ ва тандурустиву хушбахтӣ орзу менамоям. Ҷанги дуюми ҷаҳон яке аз даҳшатноктарин ҷангҳо дар таърихи инсоният ба ҳисоб рафта, паёмадҳои фоҷеабори он то имрӯз дар вуҷуди мардуми олам боқӣ мондааст. Ин ҷанги мудҳиштарин дар таърихи инсоният 1418 шабонарӯз давом карда, ҳаёти 27 миллион нафар мардуми собиқ Иттиҳоди Шуравиро ба комаш фурӯ бурд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита бо ваҳдату ҳамдастии мардуми олам дар таъмини ин ғалабаи таърихӣ, ки ба ҳифзи озодӣ ва истиқлоли инсоният нигаронида шудааст, аз ҷумла таъкид намудаанд: «Қобили зикр аст, ки Ғалабаи бузург бар фашизм дар натиҷаи муборизаи дастҷамъонаи мардуми собиқ шуравӣ ва кишварҳои гуногун ба даст омадааст ва намунаи муборизаи озодихоҳонаи халқу миллатҳои мухталиф мебошад».
Мо аз он ифтихор дорем, ки дар ин Ғалабаи оламшумул ҳиссаи фарзандони бонангу номуси Тоҷикистони азиз низ ниҳоят бузург мебошад. Зеро дар набардҳои шадиди ин ҷанг зиёда аз 300 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон шуҷоату ҷавонмадӣ нишон дода, 92 ҳазор нафари онҳо дар хоки Русияю Украина, Белорусияю Молдова, кишварҳои назди Балтик, Полшаю Руминия, Чехословакияю Венгрия, Албанияю Булғория ва лонаи фашистон - Германия ҳалок гардида, ҷавонии ҷовидона дарёфтанд. Дар ноҳияи Рӯдакӣ низ иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиндагонӣ менамуданд. Мутаасифона имрӯз ин фарзандони ифтихорманди диёр дар қайди ҳаёт нестанд. Мо назди рӯҳи поки онҳо сари таъзим фуру меорем. Мардум номи нек ва корномаи бузурги фарзандони диловари хешро ҳеҷ вақт фаромӯш нахоҳад кард, зеро қаҳрамониҳои бемисли онон дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардидаанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳамарӯза нисбати оилаҳои иштирокчиёни ҷанг, онҳое, ки дар ақибгоҳ меҳнат кардаанд, ба собиқадорони меҳнат ғамхорӣ зоҳир менамояд.
Итминнони комил дорем, ки ҷавонони далеру ватандӯсти ноҳияи Рӯдакӣ аз мактаби шуҷоату мардонагии бобоёни қаҳрамон сабақи зиндагӣ бардошта, бо эҳсоси баланди миллӣ, худшиносию худогоҳӣ ва сулҳпарвариву башардӯстӣ барои пойдории сулҳу субот, рузгори орому осуда, таҳкими дӯстиву ҳамкорӣ ва робитаҳои созандаи халқу миллатҳои гуногун талош меварзанд.
Бо чунин таманниёт, кулли мардуми ноҳияро ба ифтихори 81 солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 табрик гуфта, ба хонадони ҳар як сокини ноҳия сулҳу субот, осоиш ва файзу баракат таманно менамоям. Ид муборак, ҳамдиёрони азиз!
- Диданд: 2744
|
РАИСИ НОҲИЯИ РӮДАКӢ МАЪЛУМОТНОМА |
|
|---|---|
![]() |
Ному насаб:
Салимзода Нусратулло Файзулло |
|
Аз 7-уми январи соли 2026 ба мансаби и.в. раиси ноҳияи Рӯдакӣ кор мекунад. |
|
| Соли тавалуд: 4 феврали соли 1965 | |
| Ҷои таваллуд: дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. | |
| Миллат: тоҷик | |
| Маълумот: олӣ | |
| Соли 1988 Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистонро (рӯзона), хатм кардааст | |
|
Ихтисос: Духтури муолиҷавӣ Унвони илмӣ: номзади илмҳои тиб |
|
| Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ | |
|
Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не: не |
|
| Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: ҳа,
Ордени “Шараф” дараҷаи 1 соли 2004, медали ҷашни “20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон” |
|
| Ваъи оилавӣ: оиладор | |
| Кор ва фаъолияти собиқа | |
| Солҳои 1982-1988 | Донишҷӯӣ Донишкадаи давлатии Тоҷикистон. |
| Солҳои 1985-1988 |
Бародари шавқати шуъбаи БКЧ №5-и шаҳри Душанбе. |
| Солҳои 1988-1991 | Духтури бемориҳои осебу садамаи Беморхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ |
| Солҳои 1991-1993 | Ординатори клиникаи кафедраи осебу садама ва шикастабандии Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон |
| Солҳои 1993-1995 | Духтури осебу садама ва шикастабандии Беморхонаи вилояти Хатлон, шаҳри Қурғонтеппа |
| Солҳои 1993-1995 | Духтури осебу садама ва шикастабандии Беморхонаи вилояти Хатлон, шаҳри Қурғонтеппа |
| Солҳои 1995-1997 | Мудири бунгоҳи осебу садамаи дармонгоҳ, ҷонишини сардухтур оид ба корҳои табобатии Беморхонаи шаҳри Қурғонтеппа |
| Солҳои 1997-1998 | Ҷонишини аввали сардухтур оид ба корҳои табобатии Беморхонаи клиникаи ҷумҳуривии ба номи А.М. Дякови шаҳри Душанбе |
| Солҳои 1998-2000 | Сардухтури маркази ҷумҳуривии бемориҳои саратони шаҳри Душанбе |
| Солҳои 2000-2004 | Сардухтури Беморхонаи клиникаи ҷумҳуриявии ба номи А.М.Дякови шаҳри Душанбе |
| Солҳои 2004-2006 | Директори маркази идораи лоиҳаи ислоҳоти системаи тандурустии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
| Солҳои 2006-2008 | Муовини аввали Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
| Солҳои 2008-2013 | Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
| Солҳои 2013-2017 | Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
| Моҳҳои январ-апрели соли 2017 | Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе |
| Солҳои 2017-2023 | Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе |
| Аз 11.01.2023 то 30.05.2023 | Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров |
| Аз 30.05.2023 то 7.01.2025 | Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров |
| Аз 7.01.2025 то ҳол |
Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ |
Подкатегории
Мақомоти иҷроия
РУЙХАТИ ТЕЛЕФОНҲОИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯ, ВОҲИДҲОИ СОХТОРӢ, ҶАМОАТҲОИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ, ТАШКИЛОТУ МУАССИСАҲО
|
|
|
|
|
Ном ва насаб |
Мансаб |
Телефон |
|
Ҳикматуллозода Абдуғаффор |
Раиси ноҳия |
8(3137) 22-4-81 |
|
Шарифзода Аҳлиддин |
Муовини якуми Раис |
8(3137) 22-3-42 |
|
Қосимзода Саидаҳмад |
Муовини Раис |
8(3137) 22-3-37 |
|
Рустамзода Бахтиёр |
Муовини Раис |
8(3137) 21-3-04 |
|
Давлатзода Неъматулло |
Муовини Раис |
8(3137) 21-2-53 |
|
Исозода Зоир |
Роҳбари дастгоҳи Раис |
8(3137) 22-3-87 |
|
Исматулло Кароматуллоевич |
Қабулгоҳи Раиси ноҳия |
8(3137) 22-4-81 |
|
Шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия |
||
|
Сатторӣ Абдулло Абдухалил |
Мудири шӯъба |
8(3137) 22-4-43, |
|
Саидов Мирзомурод Муҳаммадмуминович |
Сармутахассис |
8(3137) 21-6-86 |
|
Нурматзода Шоҳмаҳмад Ёрмаҳмад |
Сармутахассис |
8(3137) 21-4-01 |
|
Сафаров Фирдавс |
Мутахассиси пешбар |
8(3137) 21-6-86 |
|
Муродова Мадина |
Мутахассис |
8(3137) 21-4-01 |
|
Шӯъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандон |
||
|
Олимхуҷазода Шаҳбоз Олимхуҷа |
Мудири шӯъба |
8(3137) 22-3-36 |
|
Тағойбеков Салоҳиддин |
Сармутахассис |
8(3137) 21-5-22 |
|
|
Сармутахассис |
8(3137) 21-5-22 |
|
Нуронов Муҳаммадшариф |
Мутахассиси пешбар |
8(3137) 22-3-36 |
|
Амиршозода Шаҳром Илҳом |
Мутахассис |
8(3137) 22-3-36 |
|
Сармутахассис-ҳуқуқшинос |
||
|
Халилов Шаҳзод Нуруллоевич |
Сармутахассис-ҳуқуқшинос |
8(3137) 22-5-92 |
|
Шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа |
||
|
Файзиддинов Сайфиддин Файзиддинович |
Мудири шӯъба |
8(3137) 22-9-66 |
|
Салимов Саидраҳмон Саидаҳмадович |
Сармутахассис |
8(3137) 21-2-07 |
|
Ҳасанова Фируза |
Сармутахассис |
8(3137) 22-3-50 |
|
Аминзода Эмомали |
Сармутахассис |
8(3137) 22-9-56 |
|
Ҳиматов Муҳаммадҷон Назриевич |
Мутахассиси пешбар |
8(3137) 22-9-56 |
|
Маханова Саодат Абдулғаниева |
Мутахассис |
8(3137) 22-9-56 |
|
Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат |
||
|
Мусоева Ҳабиба |
Раиси Шӯрои обиқадорони |
8(3137) 22-5-32 |
|
Бахши меъморӣ ва шаҳрсозӣ |
||
|
Зоирзода Эраҷ |
Мудири шуъба |
8(3137) 22-3-28 |
|
Тағойбеков Ғолиб |
Сармутахассис |
8(3137) 22-3-20 |
|
Очилдиев Ҳикматҷон |
Мутахассиси пешбар |
8(3137) 22-3-28 |
|
Тағозода Шаҳриёри Турахон |
Мутахассис |
8(3137) 22-3-28 |
|
Бахши саноат, сохтмон ва коммуникатсия |
||
|
Калонов Насимҷон Муқимович |
Мудири бахш |
8(3137) 21-1-50 |
|
|
Сармутахассис |
8(3137) 21-1-50 |
|
Бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ |
||
|
Шарипов Саидмурод Латифович |
Мудири бахш |
8(3137) 21-4-80 |
|
Қурбониён Шаҳобидин Абдусамад |
Сармутахассиси башх |
8(3137) 21-4-80 |
|
Бахши фарҳанг |
||
|
Олимов Рустам |
Мудири бахш |
8(3137) 21-9-43, |
|
Шукуров Хурсандмурод Ятимович |
Мутахассиси пешбар |
8(3137) 21-9-43, |
|
Шуъбаи кор бо занон ва оила |
||
|
Исмонова Моҳира |
Мудири шӯъба |
8(3137) 21-8-78 |
|
Ҳасанова Фируза Сабзалиевна |
Сармутахассиси шӯъба |
8(3137) 21-8-78 |
|
Шоимова Мунаввара |
Мутахассиси пешбари шӯъба |
8(3137) 21-8-78 |
|
Улмасова Шоҳзода |
Мутахассис |
8(3137) 21-8-78 |
|
Корхонаи воҳиди давлатии сохтмони асосии назди |
||
|
Шарипов Одил Ҳайдарович |
Роҳбари корхона |
8(3137) 22-4-69 |
|
Бахши рушди иқтисод ва савдо |
||
|
Давлатзода Саъбидин Мумин |
Мудири бахш |
8(3137) 21-6-95 |
|
Ҳалимова Ситора |
Мутахассиси пешбар |
8(3137) 21-6-95 |
|
Бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ |
||
|
Двлатов Неъмат |
Мудири бахш |
8(3137) 22-6-96 |
|
Нуров Парвиз |
Сармутахассис |
8(3137) 22-6-96 |
|
Бахши бойгонии Мақомоти иҷроияи |
||
|
Хайбаров Муҳибулло Нуратович |
Мудири бахш |
8(3137) 22-3-50 |
|
Шӯъбаи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ |
||
|
Расулова Зебуниссо Файзуллоевна |
Мудири бахш |
8(3137) 21-5-25 |
|
|
||
|
Бахши хадамоти муҳоҷирати вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии |
||
|
Идиев Азиз |
Мудири бахш |
8(3137) 22-8-43 |
|
|
|
|

