Рӯз, 13-уми апрели соли 2026 дар маҷлисгоҳи Беморхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти сохторҳои соҳаи тандурустии ноҳия дар се моҳи соли 2026 ва вазифаҳо барои давраи минбаъда баргузор гардид.

     Дар кори ҷаласа муовини раиси ноҳия - сарпарасти соҳа Зарина Исмоилзода, сардухтури Беморхонаи марказии ноҳия Абдурасул Абдулмаҷитзода, менеҷери Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) Рустам Муҳаммадзода, директори Маркази санитариву эпидемиологии ноҳия, сардухтури Беморхонаи касалиҳои сил, роҳбарони марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, ҳамшираҳои шафқат ва дигар кормандони соҳаи тандурустии ноҳия иштирок доштанд.

     Дар оғоз ҳисоботи сардухтури Беморхонаи марказии ноҳия Абдурасул Абдулмаҷитзода шунида шуд. Ӯ оид ба натиҷаҳои семоҳаи фаъолияти соҳа, татбиқи барномаҳои давлатӣ, иҷрои нақшаҳои марбут ба беҳдошт ва дастовардҳои бадастомада маълумот дода, ҳамзамон ба камбудиҳои ҷойдошта низ ишора намуд. Таъкид гардид, ки соҳаи тандурустии ноҳия дар се моҳи соли 2026, новобаста аз баъзе мушкилиҳо, фаъолияти пурсамар анҷом дода, дар самти қонеъ гардондани ниёзҳои тиббии аҳолӣ дастовардҳои назаррас дорад. Қайд гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ дар шуъбаи таваллуд фавти модар ба қайд гирифта нашудааст, ки ин дастоварди назаррас дар семоҳа мебошад. Дар қисмати музокира менеҷери Кумаки аввалияи тиббӣ Рустам Муҳаммадзода баромад намуда, оид ба фаъолияти муассисаҳои тиббии деҳот, бунёди бунгоҳҳои нав, марказҳои саломатӣ ва чорабиниҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ маълумот пешниҳод кард.

     Дар идомаи ҷаласа, муовини раиси ноҳия - сарпарасти соҳа Зарина Исмоилзода оид ба нуктаҳои муҳимми Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 16 декабри соли 2025 суханронӣ намуда, рушди соҳаи тандурустиро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат арзёбӣ кард. Зикр гардид, ки иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар самти беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ, рушди соҳаи тандурустӣ ва таъмини дастрасии шаҳрвандон ба хизматрасониҳои босифати тиббӣ вазифаи аввалиндараҷаи кормандони соҳа мебошад.

     Дар хотимаи ҷаласа роҳбарони сохторҳои соҳаи тандурустӣ вазифадор карда шуданд, ки барои баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ, бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, татбиқи самараноки барномаҳои миллӣ ва соҳавӣ, пурзӯр намудани назорати истифодаи доруворӣ ва маводи тиббӣ, таҳкими одобу муоширати кормандон, пешгирии бемориҳои сироятӣ, ВНМО ва бемориҳои мавсимӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

  

     Рӯз, 2-юми апрели соли 2026 дар Ташкилоти ҷамъиятии -"Ҳаракат"- и ноҳияи Рӯдакӣ таҷлили бошукӯҳи ҷашни Наврӯз баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ - сарпарасти соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ Зарина Исмоилзода, раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТТ дар ноҳия Ҳамидзода Насимҷон, сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии "Насими айём" Умеда Алимова ва роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии маъюбон - «Ҳаракат» Иқбол Ҳайдаров иштирок ва суханронӣ намуданд. Муовини раиси ноҳия Зарина Исмоилзода ҳозиринро ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрик гуфта, қайд кард, ки дар сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғамхорӣ нисбат ба табақаҳои ниёзманди ҷомеа, аз ҷумла шахсони имконияташон маҳдуд дар мадди аввал қарор дорад. Ӯ зикр намуд, ки Пешвои миллат ҳамеша дар ҳар як суханронӣ ва Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид менамоянд, ки ҷиҳати беҳтарсозии шароити зист, фароҳамсозии дастрасии онҳо ба хадамоти иҷтимоӣ, тиббӣ ва маърифатӣ тадбирҳои муассир андешида шаванд. Гуфта шуд, ки имрӯзҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ низ бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти ноҳия ва ҳамкории мақомоти дахлдор дар самти ҳимояи иҷтимоии шахсони имконияташон маҳдуд дар арафаи иду ҷашнҳо тадбирҳои амалии муассир роҳандозӣ шудаанд. Раиси ҳизби ҲХДТ Ҳамидзода Насимҷон ба Ташкилоти ҷамъиятии маъюбон - «Ҳаракат» ҷиҳати иқдомҳои нек ва саҳми арзанда дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат ва дастгирии ҳамаҷонибаи шахсони имконияташон маҳдуд изҳори миннатдорӣ баён дошта ба муносибати ҷашни Наврӯз онҳоро шодбош гуфт. Дар ҷараёни чорабинӣ ба як қатор кормандони фаъоли ташкилот Сипосномаҳо ва ба аҳли нишаст кӯмакҳо тақдим гардиданд.

 

СОКИНОНИ ДУ ДЕҲАИ НОҲИЯИ РӮДАКӢ СОҲИБИ БУНГОҲИ ТИББӢ ШУДАНД

          Дар арафаи таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ сокинони деҳаҳои Балхии ҷамоати деҳоти Султонобод ва деҳаи Ҳасанободи ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ соҳиби бунгоҳҳои тиббии нав шуданд.

          Рӯзи 19-уми марти соли 2024 бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода ва раиси ноҳия Абдуғаффор Ҳикматуллозода дар деҳаҳои мазкур ба фаъолияти бунгоҳҳои тиббии замонавӣ оғози расмӣ бахшида шуд.

          Бунгоҳҳои тиббии деҳаҳои Балхии ҷамоати деҳоти Султонобод ва деҳаи Ҳасанободи ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бунёд ёфта, бо шароити мусоиди хизматрасонии тиббӣ таъмин гардидаанд.

          Бунгоҳи тиббии деҳаи Балхии ҷамоати деҳоти Султонобод дорои 6 ҳуҷра буда, барои 700 хоҷагӣ ва дар умум ба зиёда аз 3000 аҳолии маҳал хизмати тиббӣ хоҳад расонид. Бунгоҳи тиббии деҳаи Ҳасанободи ҷамоати деҳоти Зайнабобод бошад аз 5 ҳуҷраи корӣ иборат буда, ба сокинони 500 хоҷагӣ хизмати тиббӣ мерасонад.

          Гуфтан ба маврид аст, ки иншоотҳои тиббии зикршуда дар  асоси нақшаи чорабиниҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардида, дар арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи хуҷастапай ба сокинон туҳфа гардиданд.