ИФТИТОҲИ БУНГОҲИ ТИББӢ ДАР ДЕҲАИ ЛОЛАЗОР
Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Лолазори Ҷамоати деҳоти Лоҳур бунгоҳи нави тиббӣ ба истифода дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи иншоот муовини раиси ноҳия Зарина Исмоилзода иштирок намуда, иброз дошт, ки бунёди чунин муассисаҳои тиббӣ қадами муҳим дар самти беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва таъмини дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои босифат мебошад. Қайд гардид, ки бунгоҳи тиббии мазкур барои беш аз 800 хоҷагии деҳа, ки қаблан бо мушкилоти дастрасӣ ба хизматрасонии тиббӣ рӯ ба рӯ буданд, хизмат мерасонад.
Иншоот аз се ҳуҷра: ҳуҷраи ташхис, ҳуҷраи момодоя ва ҳуҷраи эмгузаронӣ иборат буда, бо таҷҳизоти муосир, аз ҷумла дастгоҳҳои ЭКГ ва УЗИ таъмин карда шудааст. Зикр шуд, ки бунёди бунгоҳи тиббӣ дар доираи ҳамкориҳо бо шарикони рушд амалӣ гардида, ба беҳтар гардидани вазъи саломатии аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.

