ТАҶЛИЛИ ТАНТАНАВИИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА

     Ба муносибати Рӯзи байналмилалии оила, санаи 14-уми майи соли 2026 бо ташаббуси бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Рӯдакӣ дар чойхонаи Лаби боғи Ҷамоати деҳоти Гулистон чорабинии идона доир гардид. Дар чорабинии мазкур муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Неъматулло Давлатзода, мудири шуъбаи кор бо занон ва оила Моҳира Усмонзода, сармуҳаррири рӯзномаи “Насими айём” Умеда Алимова, раиси Ҷамоати деҳоти Гулистон Ашраф Шарипов ва ва роҳбарону намояндагони дигар ташкилоту идораҳо ширкат варзиданд.

     Дар оғози чорабинӣ ҳайати иштирокчиён аз намоиши оростаи ҳунарҳои мардумӣ дидан карданд. Муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Неъматулло Давлатзода бо сухани ифтитоҳӣ ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи байналмилалии оила табрик намуд. Гуфта шуд, ки гиромӣ доштани оила ҷузъи муҳимми фарҳанги волои мардуми мо ба шумор меравад. Ӯ зикр кард, ки дар таълиму тарбияи насли наврас, пеш аз ҳама, падару модар саҳми аввалиндараҷа доранд. Волидонро мебояд, ки барои ташаккули ҷомеаи солим ба таълиму тарбияи фарзанд ва таъмини фазои созгори оилавӣ диққати ҷиддӣ диҳанд. Дар идома, намояндаи бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия оид ба мавзуъҳои ҳуқуқу уҳдадориҳо, муносибат, вазифа ва рисолати оила дар ҷомеа суханронӣ намуд.

     Дар ҷараëни чорабинӣ ба чор ҷуфт навхонадорон шаҳодатномаи ақди никоҳ ва ба волидони даҳ нафар тифлакони навзод шаҳодатномаи таваллуд бо туҳфаҳои хотирмон дода шуд. Дар хотимаи ҷамъомад аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия базми савту суруд ва барномаи рангини консертӣ манзури иштирокдорон гардид.

Имрӯзҳо дар ҳама шаҳраку деҳоти ҷамоатҳои ноҳияи Рӯдакӣ ҷашни Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса ва бо иштироки васеи сокинон таҷлил гардида истодааст. Ҷамоати деҳоти Султтнобод дар ин рӯз ба як базмгоҳи ҳақиқии наврӯзӣ табдил ёфта, бо оростани растаҳои идона фазои нотакрори наврӯзӣ фароҳам оварда шуд. Дар растаҳо бо риояи суннатҳои миллӣ суфраҳои «ҳафт син» ва «ҳафт шин», таомҳои миллии наврӯзӣ, шириниҳои гуногун, аз ҷумла суманак ва дигар суннатҳои миллӣ ба намоиш гузошта шуданд. Ҳамзамон, ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили сӯзанидӯзӣ, зардӯзӣ, қуроқдӯзӣ, гулдӯзӣ рассомӣ ва дигар навъҳои ҳунармандӣ муаррифӣ гардида, маҳорати баланди ҳунармандони маҳаллӣ ба маъраз гузошта шуд. Таҷлили ҷашни Наврӯз дар фазои идона ва тантанавӣ баргузор шуда, дар он муовини раиси ноҳия Давлатзода Неъматулло иштирок ва суханронӣ намуд. Муовини раиси ноҳия зимни баромади худ сокинони ҷамоатро ба муносибати фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ табрик гуфта, таъкид дошт, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни ниёгон рамзи эҳёи табиат, ваҳдату ҳамбастагӣ ва оғози корҳои ободониву созандагӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон, зикр гардид, ки бо дастгирии сиёсати созандаи роҳбарияти олии кишвар, чунин чорабиниҳои фарҳангӣ дар тамоми гӯшаву канори мамлакат бо шукӯҳи хоса баргузор мегарданд. Бозиҳои варзишӣ ва барномаи фарҳангии идона табъи иштирокчиёнро болида гардонид.

 

16- уми марти соли 2026 бо
ибтикори шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ даври ҷамоатии Озмуни ҷумҳуриявии "Кадбонуи беҳтарин" дар Ҷамоати Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовинони раиси ноҳия Неъматулло Давлатзода ва Зарина Исмоилзода, мудири шуъбаи кор бо занон ва оила Моҳира Усмонзода ва аъзои ҳакамони иштирок намуданд.
Мақсад аз баргузории озмуни ҷумҳуриявии "Кадбонуи беҳтарин " ҳавасмандгардонӣ ва ҷалби кадбонуҳо, занони соҳибзавқ ва ҳунармандони моҳир, эҳёи таомҳои миллию маҳаллии азбайнрафта ва ривоҷ додани пухтупази таомҳои миллӣ дар тарабхонаву ошхонаҳо, омода намудани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона, маърифати хонадорӣ ва завқи дастархонороӣ, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ, ошноӣ ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ ба ҳисоб меравад.
Дар озмун сокинони Ҷамоати деҳоти Чоргултеппа аз рӯйи шартҳои озмун ширкат варзиданд.
Дар фарҷоми озмун ғолибон бо дипломи дараҷаи 1, 2, 3 ва бо туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ қадрдонӣ гадиданд.
Ҳамзамон, баҳри болидаруҳии иштирокчиён барномаи консертии бахши фарҳанги ноҳия пешкаш гардид, ки ба чорабинӣ боз ҳам шаҳомати хосса бахшид.
Бояд қайд намуд, ки озмуни мазкур дар дигар ҷамоатҳо низ идома меёбанд.