Pӯз, 7-уми марти соли 2026 ба муносибати Рӯзи Модар дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ чорабинии тантанавӣ баргузор шуд. Дар чорабинӣ муовинони раиси ноҳияи Рӯдакӣ, намояндагони сохторҳои давлатӣ, собиқадорон, занону модарони фаъоли ноҳия ва ҷавондухтарон ширкат варзиданд.

       Муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Неъматулло Давлатзода матни табрикии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия муҳтарам Салимзода Нусратуллоро ба аҳли нишаст ироа намуд. Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия тамоми модарону бонувони ноҳияро ба муносибати Рӯзи Модар самимона табрику муборакбод гуфта, ба онҳо саломативу сарбаландӣ таманно кард. Гуфта шуд, ки таҷлили Рӯзи Модар, ки ҳамасола ба санаи 8-уми март рост меояд, басо рамзист, зеро ин ҷашни муқаддас аз бедориву эҳёи табиат, оғози фасли зебоиофари баҳор ва фаро расидани Наврӯзи хуҷастапай мужда мерасонад.

       Зикр шуд, ки имрӯзҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ вобаста ба баланд бардоштани мақому манзалати занон «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2023-2030» ва Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар ноҳияи Рӯдакӣ барои солҳои 2021-2030 бомуваффақона амалӣ гардида истодаанд.
Дар ноҳияи Рӯдакӣ теъдоди занону духтарони соҳибмаълумот сол ба сол зиёд гардида, онҳо дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия кору фаъолият доранд.
Дар рафти чорабинӣ ба як қатор занону модарони фаъол барои саҳми арзандаашон дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Сипас дар назди муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Модар аз ҷониби санъаткорони бахши фарҳанги ноҳия баҳри болидаруҳии иштирокчиён барномаи рангини консертии иборат аз таронаву сурудҳои ҷолибу дилнишин пешкаш гардид.
  
  
Санаи 21- уми феврали соли 2026 иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ, муҳтарам Салимзода Нусратулло, бо сафари корӣ ба Ҷамоати деҳоти Эсанбой ташриф оварда, аз рафти корҳои азнавсозии пойгоҳи обкашии «Хоҷабулбулон» шинос гардид.
Зимни боздид иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия аз фаъолияти пойгоҳҳои обрасонӣ дидан намуда, барои омодасозии пурраи муҳаррикҳо ва дигар таҷҳизоти техникӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Таъкид гардид, ки таъмини саривақтии об омили асосии баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳо буда, фаъолияти мунтазаму босифати пойгоҳҳои обкашӣ заминаи рушди соҳаи кишоварзиро фароҳам меорад.
Аз ин рӯ, масъулин вазифадор шуданд, ки ҷиҳати таъмири босифат ва истифодаи самараноки имкониятҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд. Зикр шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мутахассисони соҳаро ҳаматарафа дастгирӣ менамояд.
Ҳамзамон, зимни боздид аз заминҳои кишоварзии ҷамоат ба масъалаи кишти шолӣ, полезӣ ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои нав таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Барои таъмини обёрии босамари онҳо ба масъулини соҳа дастурҳои мушаххас дода шуданд.
Дар идомаи сафар иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия аз вазъи роҳҳои автомобилгарди ҳудуди ҷамоат низ боздид намуда, ҷиҳати бартарафсозии камбудиҳои ҷойдошта ва ба роҳ мондани корҳои таъмиру тармим ба мутахассисони соҳа супоришҳои дахлдор дод.
Дар робита ба матлаби таҳиянамудаи Анна Мифтахова, ки дар сомонаи Asia-Plus ба нашр расидааст, зарур аст баъзе нуктаҳо барои равшан гардидани воқеият баён шаванд.
Пеш аз ҳама бояд таъкид кард, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ масъалаи фаъолияти паноҳгоҳи сагони шаҳрванд Римма Аглиулинаро бетафовутона баррасӣ накардаанд. Баръакс, барои ҳалли қонунии масъала ба ӯ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Эсанбой қитъаи замин пешниҳод карда шудааст. Ин иқдом далели омодагии мақомоти маҳаллӣ барои мусоидат ва ба низоми ҳуқуқӣ даровардани фаъолияти паноҳгоҳ мебошад.