Имрӯз, 10-уми феврали соли 2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ вохӯрии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ Нусратулло Салимзода бо соҳибкорон баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои дахлдор, соҳибкорону сармоягузорон ва намояндагони ташкилоту идораҳои масъул иштирок намуданд.

И.в. раиси ноҳия зимни суханронӣ таъкид намуд, ки соҳибкорӣ дар шароити кунунӣ яке аз омилҳои асосии рушди иқтисоди кишвар буда, ҳамчун бахши муҳимми истеҳсолот, заминаи таъмини амнияти озуқаворӣ, манбаи ашёи хом барои корхонаҳои саноатӣ ва воситаи таъсиси ҷойҳои нави корӣ нақши калидӣ дорад. Ба гуфтаи ӯ, саҳми соҳибкорон дар ғанигардонии буҷет ва рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат рӯз то рӯз меафзояд.

Нусратулло Салимзода иброз дошт, ки соҳибкорӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ яке аз бахшҳои муҳимми пешбарандаи иқтисоди маҳаллӣ ба ҳисоб рафта, дар татбиқи қарорҳои давлату Ҳукумат ва амру супоришҳои Пешвои миллат, устувор гардонидани вазъи молиявию иқтисодӣ ва афзоиши нишондиҳандаҳои воқеӣ нақши назаррас мебозад.

Таъкид шуд, ки саҳми бахши хусусӣ дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот дар ноҳия қариб 100 фоизро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ саҳми соҳибкорон дар соҳаи зироаткорӣ 72 фоиз ва дар истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бошад, 100 фоизро дар бар мегирад.

Гуфта шуд, ки дар натиҷаи дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллӣ шумораи корхонаҳои истеҳсолӣ аз 44 адад дар соли 2010 ба 177 адад дар соли 2025 расида, яъне, қариб 4 баробар афзоиш ёфтааст. Тибқи маълумоти Нозироти андоз, танҳо дар соли 2025 тавассути «Равзанаи ягона» дар ноҳия 8285 субъекти соҳибкорӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта зиёд мебошад.

Ҳамчунин, зикр гардид, ки дар соли 2025 аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба беш аз 8 ҳазору 600 соҳибкор ба маблағи зиёда аз 121 миллион сомонӣ қарз ҷудо гардида, ҳаҷми сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ ба 150 миллион сомонӣ расидааст, ки нисбат ба соли гузашта 2,3 баробар зиёд мебошад.

И.в. раиси ноҳия аз иштироки фаъолонаи соҳибкорон дар корҳои ободонию созандагӣ ёдовар шуда, афзуд, ки танҳо дар шаш моҳи соли 2025 соҳибкорон ва аҳолии ноҳия ба маблағи зиёда аз 21 миллион сомонӣ дар сохтмони муассисаҳои маорифу тандурустӣ, роҳҳо, иншооти варзишию фарҳангӣ ва дигар корҳои иҷтимоӣ саҳм гузоштаанд.

Дар идома зикр шуд, ки корҳои омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бо маром идома дошта, аз 369 иншооти ҷашнӣ то 1 январи соли 2026, 352 иншоот мавриди истифода қарор дода шудааст.

Дар фарҷом и.в. раиси ноҳия саҳми соҳибкоронро дар рушди ноҳия арзишманд арзёбӣ намуда, онҳоро ба ҳамкории боз ҳам зич бо мақомоти маҳаллӣ даъват кард.