Имрӯзҳо дар ҳама шаҳраку деҳоти ҷамоатҳои ноҳияи Рӯдакӣ ҷашни Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса ва бо иштироки васеи сокинон таҷлил гардида истодааст. Ҷамоати деҳоти Султтнобод дар ин рӯз ба як базмгоҳи ҳақиқии наврӯзӣ табдил ёфта, бо оростани растаҳои идона фазои нотакрори наврӯзӣ фароҳам оварда шуд. Дар растаҳо бо риояи суннатҳои миллӣ суфраҳои «ҳафт син» ва «ҳафт шин», таомҳои миллии наврӯзӣ, шириниҳои гуногун, аз ҷумла суманак ва дигар суннатҳои миллӣ ба намоиш гузошта шуданд. Ҳамзамон, ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили сӯзанидӯзӣ, зардӯзӣ, қуроқдӯзӣ, гулдӯзӣ рассомӣ ва дигар навъҳои ҳунармандӣ муаррифӣ гардида, маҳорати баланди ҳунармандони маҳаллӣ ба маъраз гузошта шуд. Таҷлили ҷашни Наврӯз дар фазои идона ва тантанавӣ баргузор шуда, дар он муовини раиси ноҳия Давлатзода Неъматулло иштирок ва суханронӣ намуд. Муовини раиси ноҳия зимни баромади худ сокинони ҷамоатро ба муносибати фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ табрик гуфта, таъкид дошт, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни ниёгон рамзи эҳёи табиат, ваҳдату ҳамбастагӣ ва оғози корҳои ободониву созандагӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон, зикр гардид, ки бо дастгирии сиёсати созандаи роҳбарияти олии кишвар, чунин чорабиниҳои фарҳангӣ дар тамоми гӯшаву канори мамлакат бо шукӯҳи хоса баргузор мегарданд. Бозиҳои варзишӣ ва барномаи фарҳангии идона табъи иштирокчиёнро болида гардонид.