ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ РӮДАКӢ МУҲТАРАМ САЛИМЗОДА НУСРАТУЛЛО БА МУНОСИБАТИ 81-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНИИ СОЛҲОИ 1941-1945

     Ҳамдиёрони азиз, сокинони сарбаланди ноҳияи Рӯдакӣ! Санаи 9-уми майи соли 2026 ба Ғалабаи бузурги халқи сулҳпарвару тараққихоҳи олам бар фашизми гитлерӣ ҳаштоду як сол пур мешавад. Ба ин муносибат тамоми мардуми ноҳияро самимона табрику таҳният гуфта, ба хонадони ҳар кадом сокини ноҳия фазои орому осуда, хотирҷамъӣ ва тандурустиву хушбахтӣ орзу менамоям. Ҷанги дуюми ҷаҳон яке аз даҳшатноктарин ҷангҳо дар таърихи инсоният ба ҳисоб рафта, паёмадҳои фоҷеабори он то имрӯз дар вуҷуди мардуми олам боқӣ мондааст. Ин ҷанги мудҳиштарин дар таърихи инсоният 1418 шабонарӯз давом карда, ҳаёти 27 миллион нафар мардуми собиқ Иттиҳоди Шуравиро ба комаш фурӯ бурд.

     Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита бо ваҳдату ҳамдастии мардуми олам дар таъмини ин ғалабаи таърихӣ, ки ба ҳифзи озодӣ ва истиқлоли инсоният нигаронида шудааст, аз ҷумла таъкид намудаанд: «Қобили зикр аст, ки Ғалабаи бузург бар фашизм дар натиҷаи муборизаи дастҷамъонаи мардуми собиқ шуравӣ ва кишварҳои гуногун ба даст омадааст ва намунаи муборизаи озодихоҳонаи халқу миллатҳои мухталиф мебошад».

    Мо аз он ифтихор дорем, ки дар ин Ғалабаи оламшумул ҳиссаи фарзандони бонангу номуси Тоҷикистони азиз низ ниҳоят бузург мебошад. Зеро дар набардҳои шадиди ин ҷанг зиёда аз 300 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон шуҷоату ҷавонмадӣ нишон дода, 92 ҳазор нафари онҳо дар хоки Русияю Украина, Белорусияю Молдова, кишварҳои назди Балтик, Полшаю Руминия, Чехословакияю Венгрия, Албанияю Булғория ва лонаи фашистон - Германия ҳалок гардида, ҷавонии ҷовидона дарёфтанд. Дар ноҳияи Рӯдакӣ низ иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиндагонӣ менамуданд. Мутаасифона имрӯз ин фарзандони ифтихорманди диёр дар қайди ҳаёт нестанд. Мо назди рӯҳи поки онҳо сари таъзим фуру меорем. Мардум номи нек ва корномаи бузурги фарзандони диловари хешро ҳеҷ вақт фаромӯш нахоҳад кард, зеро қаҳрамониҳои бемисли онон дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардидаанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳамарӯза нисбати оилаҳои иштирокчиёни ҷанг, онҳое, ки дар ақибгоҳ меҳнат кардаанд, ба собиқадорони меҳнат ғамхорӣ зоҳир менамояд.

    Итминнони комил дорем, ки ҷавонони далеру ватандӯсти ноҳияи Рӯдакӣ аз мактаби шуҷоату мардонагии бобоёни қаҳрамон сабақи зиндагӣ бардошта, бо эҳсоси баланди миллӣ, худшиносию худогоҳӣ ва сулҳпарвариву башардӯстӣ барои пойдории сулҳу субот, рузгори орому осуда, таҳкими дӯстиву ҳамкорӣ ва робитаҳои созандаи халқу миллатҳои гуногун талош меварзанд.

     Бо чунин таманниёт, кулли мардуми ноҳияро ба ифтихори 81 солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 табрик гуфта, ба хонадони ҳар як сокини ноҳия сулҳу субот, осоиш ва файзу баракат таманно менамоям. Ид муборак, ҳамдиёрони азиз!