ПАЙЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ РӮДАКӢ
МУҲТАРАМ САЛИМЗОДА НУСРАТУЛЛО БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА
Ҳамдиёрони азиз!
Боиси қайд аст, ки ҳамасола дар саросари кишвари азизамон-Тоҷикистон ба хотири гиромидошти оила, ки асоси ҷомеаро ташкил медиҳад, санаи 15-уми май дар қатори дигар кишварҳо Рӯзи байналмилалии оила таҷлил мегардад. Таҷлили байналмилалии Рӯзи оила аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз эҳсоси эҳтиром ба оила ва баланд бардоштани мақоми он дар зеҳни мардуми сайёра бетараф набуда, баръакс ба мустаҳкам намудани он кӯшиши беш аз пеш дода истодаанд.
Эълони ин сана соли 1993 бо қарори Маҷмааи умумии СММ ва ба хотири пос доштани арзишҳои фарҳангии оиладорӣ сурат гирифта, инак 33 сол мешавад, ки мардуми сайёра, аз ҷумла, сокинони кишвари соҳибистиқлоламон ин рӯзро таҷлил менамоянд.
Ба муносибати ин санаи муборак шумо ва дар симои шумо тамоми оилаҳои хушбахти диёрро табрику шодбош гуфта, бароятон, пеш аз ҳама, бахту иқболи баланд, хушрӯзию хушбахтии хонаводагӣ ва саломатию сарбаландӣ таманно менамоям.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон дар бораи оила чунин қайд намуданд, ки “Оила мактаби аввалинест, ки инсон дар он тарбият мегирад, донишу малакаи рузгордориро аз худ мекунад, ҳамзистӣ бо атрофиёнро меомӯзад ва таъсири оила ба инкишофи минбаъдаи шахсият ҳиссагузор мебошад”.
Таҷрибаи таърихӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки асоси ҷомеаи солим ва маҳаки иқтидору қудрати давлату давлатдорӣ аз устувории оила сарчашма мегирад. Ҳамон тавр, ки иморат аз хиштҳо бунёд мегардад, асоси ҷамъиятро низ оилаҳо ташкил медиҳанд. Оила дар ҳар давру замон баҳри пешбурди ҷомеа, муайян намудани сохти иқтисодию сиёсӣ, иҷтимоию фарҳангии ҳар халқу миллат мақом ва аҳамияти хоса дошт. Бесабаб нест, ки бузургон оиларо шаҳсутуни зиндагӣ, асоси давлат, танзимгари рушду нумӯи миллат номидаанд. Тамоми бурду бохти зиндагӣ ҳамчун ҷавҳари ҷамъият ба кори оила робитаи ногусастанӣ дорад. Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: “Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбад".
Лозим ба қайд аст, ки мустаҳкаму пойдор гардонидани оила боиси устуворию пурқувватии давлату миллат ва ҷамъият буда, тавассути оилаю оиладорӣ мо метавонем беҳтарин анъанаю одатҳоро идома дода, худшиносии миллӣ ва маърифати баланди оиладориро дар зеҳн ва мағзи аҳли ҷомеа бахусус ҷавонон ҷойгир намоем.
Ин маврид ҳар фарди худшинос ва аҳли фаъоли ҷомеа, махсусан калонсолон ва нафарони рӯзгордидаро водор бар он месозад, ки фарҳангу одоби оиладориро ба насли наврас ба хусус ҷавонон омӯзонанд, зеро шароити имрӯзаи ҷаҳони муосир, бахусус ҷаҳонишавии масъалаҳои оиладорӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои иртиҷоӣ, қабул намудани фарҳанги оиладории ба мо бегона, никоҳи хешу таборӣ, ҷудошавии оилаҳо, ба хусус оилаҳои ҷавон ҷомеаи моро ҳушдор месозад, то ки мо тарбияи фарҳанги оиладории ниёгони хешро аз байн набарем, балки аз он ибрат гирифта баҳри уствориву муқаддасии оила пурсамар истифода намоем.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзу ҳимояи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии оила, кӯдак ва волидайн қадамҳои устувор мегузорад. Принсипи инсондӯстӣ ва ятимпарварии Пешвои миллат аҳли ҷомеаро водор месозад, ки барои мустаҳкамии оила кӯшиш намуда, онро ҳамчун масъалаи муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ қабул намоянд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ низ ҷиҳати таҳкими оила, бахусус оилаҳои ҷавон, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, сафарбарии аҳли ҷомеа ба бунёдкорию созандагӣ, ки дар маҷмӯъ ба шукуфоии ватани азизамон мусоидат менамоянд, ҳамасола тадбирҳои мушаххас меандешад. Зеро, ҷомеаи солим аз кӯдаки солим, кӯдаки солим аз модари солим, модари солим аз бунёди оилаи солим сарчашма мегирад.
Бори дигар фаро расидани Рӯзи байналмилалии оиларо ба кулли ҳамдиёрони азиз табрик гуфта, бароятон рӯзгори орому осоишта, ҳаёти пурфайзу шукӯҳ, некномиву нексириштӣ ва болидахотириву сарбаландӣ таманно менамоям.

