БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ ИТТИЛООТӢ ТАҲТИ УНВОНИ "ИНСОН ҶОИЗИ САВДО НЕСТ!" ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ
Бо мақсади амалигардонии муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон” ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июни соли 2025, №403 “Дар бораи Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025 – 2027” ва бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, санаи, 17- уми майи соли 2026 дар ноҳияи Рӯдакӣ аксияи васеъи иттилоотӣ таҳти шиори «Инсон ҷоизи савдо нест!» ва «Ҷавонон зидди савдои одамон» баргузор гардид.
Дар ин ташаббуси умумиҷумҳуриявӣ, ки имрӯз бо ташаббуси якҷояи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронида шуд, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ фаъолона ҳамовозӣ намуд.
Аксияи мазкур дар остонаи маъракаҳои оммавии варзишӣ — «Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ» сурат гирифта, таваҷҷуҳи зиёди ҷавонон, варзишгарон ва сокинони касбу кори гуногуни ноҳияро ба худ ҷалб намуд. Варзиш ва тарзи ҳаёти солим ҳамчун рамзи озодӣ, нерӯ ва мубориза ба зидди зуҳуроти номатлуби ҷомеа унвон карда шуд. Дар рафти аксия аз ҷониби ташкилкунандагон ва волонтёрон ба сокинон ва меҳмонони ноҳия варақаҳои махсуси иттилоотию тавзеҳотӣ дастрас карда шуданд. Дар ин варақаҳо маълумоти муфассал дар бораи хатарҳои савдои одамон, роҳҳои пешгирии он, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва рақамҳои телефонҳои боварии мақомоти дахлдор дарҷ ёфтаанд. «Хариду фурӯши инсон — ҷиноят аст! Озодӣ, эҳтиром ва ҳуқуқ барои ҳар як кас кафолат дода шудааст.
Дар варақаҳои иттилоотӣ шиори "Мо бояд ҳама якҷоя бар зидди ин даҳшат мубориза барем ва ба он поён диҳем!» — дарҷ гардидааст. Гузаронидани чунин аксияҳо пеш аз чорабиниҳои бузурги варзишӣ имкон медиҳад, ки паёми зиддиҷиноятӣ ва башардӯстона ба доираи васеи аҳолӣ, хусусан ба ҷавонон, ки яке аз қисмҳои осебпазири ҷомеа ба шумор мераванд, расонида шавад. Сокинони ноҳияи Рӯдакӣ ин ташаббусро хуш пазируфта, омодагии худро барои ҳамкорӣ дар ин самт изҳор намуданд.

