Санаи 13-уми майи соли 2026 дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ» конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила таҳти унвони «Оила-рамзи муҳаббат, вафо ва ҳамдигарфаҳмӣ» бо иштироки меҳмонони расмӣ, омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид.

     Дар чорабинии мазкур муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ муҳтарам Давлатзода Неъматулло, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ Усмонзода Моҳира, сармуҳаррири рӯзномаи «Насими айём» Алимова Умеда, ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаи таълимӣ иштирок намуданд. Конференсия бо сухани ифтитоҳии муовини директор оид ба илм ва робитаҳои хориҷии муассиса Тоҳир Одилов оғоз гардида, мавсуф ҳозиринро ба муносибати Рӯзи байналмилалии оила табрик намуда, нақши оиларо ҳамчун пояи муҳими ҷомеа ва омили тарбияи насли солим арзёбӣ намуд.       

      Сипас, муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ муҳтарам Давлатзода Неъматулло зимни суханронии худ таъкид намуд, ки сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкими арзишҳои оилавӣ, ҳифзи ҳуқуқи занону кӯдакон ва тарбияи ҷавонон равона гардидааст. Мавсуф оиларо ҳамчун рукни асосии суботи ҷомеа ва кафили пешрафти давлатдорӣ арзёбӣ кард. Дар идома мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ Усмонзода Моҳира оид ба мақоми зан дар ҷомеа, таҳкими муносибатҳои оилавӣ ва масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд ибрози назар намуда, ҷавононро ба эҳтироми арзишҳои миллӣ ва оиладорӣ ҳидоят намуд.

      Ҳамчунин, сармуҳаррири рӯзномаи «Насими айём» Алимова Умеда доир ба аҳамияти маънавии оила, фарҳанги муносибатҳои хонаводагӣ ва нақши воситаҳои ахбори омма дар тарғиби арзишҳои оилавӣ суханронӣ карда, баргузории чунин чорабиниҳоро барои баланд бардоштани маърифати ҷомеа муҳим арзёбӣ намуд. Дар қисмати илмии конференсия омӯзгори кафедраи забонҳо Гурезова Гулрухсор дар мавзуи муҳаббат ва вафо ҳамчун асоси устувории оила маърӯза намуда, нақши тарбияи ахлоқиро дар муҳити оила муҳим шуморид. Инчунин, омӯзгори кафедраи забонҳо Абдуллоева Парвина оид ба масъалаҳои ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми байниҳамдигарӣ ва саҳми оила дар ташаккули шахсияти комил андешаронӣ намуд.

     Дар фарҷоми конференсия иштирокчиён баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ-маърифатиро барои таҳкими арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ва тарбияи насли ватандӯст муҳим арзёбӣ намуда, ба ташаббускорони чорабинӣ изҳори сипосу миннатдорӣ баён карданд.