ЧОРАБИНИИ ИДОНА БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН
Pӯз, 1-уми июни соли 2026 ба ифтихори Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Рӯдакӣ чорабинии идона ва рангоранги фарҳангӣ баргузор гардид, ки фазои он саршор аз шодиву нишоти кӯдакона буд.
Дар ин маҳфили идона муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Зарина Исмоилзода, сармуҳаррири рӯзномаи «Насими айём» Рухшона Шобудинова, муовини сардори раёсати маорифи ноҳия Зинат Гурезова, мудирони кӯдакистонҳо, мураббияҳо, инчунин, тарбиягирандагони муассисаҳои томактабӣ, хонандагони мактабҳои миёна, тарбиятгирандагони Марказҳои инкишофи кӯдак дар назди Мактаби санъати бачагона ба номи Мухтор Ашрафӣ, гимназиву литсей ва муассисаҳои таълимии шаҳраки Сомониён, аъзоёни маҳфилҳои Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон ширкат варзиданд.
Зимни суханрониҳо таъкид шуд, ки ғамхорӣ ба кӯдакону наврасон яке аз самтҳои муҳимми сиёсати иҷтимоии давлат буда, фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил, тарбия ва рушди истеъдодҳои онҳо кафолати ояндаи устувори ҷомеа мебошад.
Дар рафти чорабинӣ кӯдаконе, ки дар Озмуни ҷумҳуриявии “Шоҳномахонӣ” ширкат варзиданд, бо туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамчунин, озмуни расмкашӣ баргузор гардид, ки дар он кӯдакон бо қаламҳои ранга орзуҳои худро рӯйи коғаз оварданд: аз офтоби гарму нуронӣ то кабӯтари сулҳ, аз табиати сабзи диёр то ормонҳои поки кӯдакӣ.
Барномаи фарҳангӣ аз ҷониби тарбиягирандагони муассисаҳои томактабӣ бо сурудҳои дилнишин ва шеърхонии пурэҳсос дар васфи Ватан, модар, сулҳ, дӯстӣ ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идома ёфт. Ҳар иҷрои онҳо бо кафкӯбиҳои гарми ҳозирин ҳамроҳ шуда, муҳити чорабиниро боз ҳам самимитар сохт.
Бо иқдоми роҳбарияти боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Рӯдакӣ дар ин рӯз тамоми арғунчакҳои ин макони фарҳангӣ барои кӯдакон ройгон хидматрасонӣ карданд, ки аз он тарбиягирандагони муассисаҳои томактабӣ барҳаманд гардиданд.

