ФАЪОЛИЯТИ ПАНҶСОЛАИ ШУРОИ СОБИҚАДОРОН НАТИҶАГИРӢ ШУД
30-юми майи соли 2026 дар ноҳияи Рӯдакӣ Конференсияи IX Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Рӯдакӣ баргузор гардид, ки дар ҷараёни он фаъолияти панҷсолаи ташкилот мавриди баррасӣ ва натиҷагирӣ қарор дода шуд.
Дар кори конференсия котиби масъули Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон Элмурод Турсунов, муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Зарина Исмоилзода, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Моҳира Усмонзода, намояндагони соҳаи маориф, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, собиқадорон ва фаъолони ҷомеа иштирок намуданд.
Нахуст, ҳисоботи раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Рӯдакӣ оид ба фаъолияти панҷсолаи ташкилот шунида шуда, дастовардҳо ва натиҷаҳои бадастомада дар самти ҳифзи манфиатҳои собиқадорон, тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва таҳкими робитаи наслҳо мавриди таҳлил қарор гирифтанд.
Сипас, иштирокчиёни конференсия, аз ҷумла, Мирзоев Н., Каримов М., Акбарова Ф. ва директори Литсейи давлатии ноҳияи Рӯдакӣ Камолов Б. ба музокира баромада, фаъолияти панҷсолаи Шуроро қаноатбахш арзёбӣ намуданд.
Бо ҷонибдорӣ ва мувофиқаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ Ҳабиба Мусоева бори дигар раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия интихоб гардид. Дар фарҷоми конференсия як қатор фаъолон ва собиқадороне, ки дар пешбурди фаъолияти ташкилот саҳми назаррас гузоштаанд, бо Сипоснома қадрдонӣ карда шуданд.
Аз конференсия то конференсияи навбатӣ аъзои Шуро ҷиҳати тақвияти фаъолияти ҷамъиятӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва истифодаи таҷрибаи ғании собиқадорон дар тарбияи насли наврас вазифагузорӣ гардиданд.

