ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНАИ ҲУНАРМАНДОНИ НОҲИЯ ДАР ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ФЕСТИВАЛ-ОЗМУНИ «БЕҲТАРИН УСТО ВА ШОГИРД»
Рӯз, 13-уми майи соли 2026 дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе даври ниҳоии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии ҳунармандону косибон таҳти унвони «Беҳтарин усто ва шогирд» баргузор ва ҷамъбаст гардид. Фестивал–озмун дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2026 ба тасвиб расидааст, гузаронида мешавад.
Дар баробари намояндагони дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳунармандони ноҳияи Рӯдакӣ низ дар ин чорабинии фарҳангӣ фаъолона ширкат варзиданд. Ҳайати ҳунармандони ноҳияро муовини раиси ноҳия Зарина Исмоилзода, мудири бахши рушди сайёҳии ноҳия Фирӯза Ҳасанова, мудири бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Мунира Мирзозода, директори Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир Фирӯз Гурезов ва сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Одилҷон Муминов ҳамроҳи намуданд.
Дар доираи фестивал ғолибон аз рӯйи чор номинатсия муайян гардида, бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд. Боиси ифтихор аст, ки намояндагони ноҳияи Рӯдакӣ низ миёни беҳтаринҳо қарор гирифта, дар номинатсияи «Коркарди металл ва маснуоти тайёри филизӣ» усто Абдуғафор Ҳиматов ва шогирд Сулаймон Ҳиматов соҳиби ҷойи сеюм гардиданд. Аз номинатсияи «Бофандагӣ ва дӯзандагӣ» намояндагони ноҳия барои иштироки фаъолона соҳиби Ифтихорномаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд. Ҳамзамон, ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ Сипосномаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид.
Зимни ҷамъбасти фестивал таъкид гардид, ки чунин озмунҳо барои рушди ҳунарҳои мардумӣ, баланд бардоштани маҳорати касбӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ ва тарбияи насли ҷавон дар руҳияи меҳнатдӯстиву ҳунармандӣ аҳаммияти муҳим доранд.

