Паёми табрикии раиси ноҳияи Рӯдакӣ Нусратулло Салимзода ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон
 
Ҷавонони саодатманди диёр!
Пайравони асили Пешвои миллат!
Ҳамасола, дар сатҳи баланди ҷамъиятиву сиёсӣ таҷлил гардидани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон шаҳодати ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва давлату Ҳукумат нисбати шумо - насли ҷавони кишвар мебошад. Рӯзи ҷавонон рамзи баҳамоӣ, сарҷамъӣ ва иттиҳоду ягонагии кулли ҷавонон буда, пирӯзии ақлу заковати миллати солору хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикро бори дигар собит месозад.
 
Ба ин муносибат, ҳамаи шумо ва кулли ҷавонони кишварро табрику шодбош гуфта, дар роҳи илмомўзию расидан ба ҳадафҳои созанда муваффақияту комёбиҳои нав таманно менамоям.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд: “Ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон, ҳалли мушкилоти онҳо ва пешниҳоди дурусти ин захираи стратегии миллӣ барои пешрафту ободии Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа яке аз афзалиятҳои асосии Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад, зеро шумораи бештари аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд”.
Ин таъкидҳои Пешвои миллат моро водор менамояд, ки ҳамеша барои пешрафти кору фаъолияти ҳамарӯзаи шумо ғамхорӣ зоҳир намоем.
Дӯстони гиромӣ!
Маҳз боварию эътимод ва сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат аст, ки дар самти дастгирии насли ҷавон ба таври ҳамешагӣ иқдомҳои беназир роҳандозӣ карда мешавад.
Яке аз чунин иқдомҳо ва механизмҳои ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии иҷтимоии ҷавонон ин таъсиси стипендияи Президентӣ барои хонандагони мактабҳо ва донишҷуён аст, ки Пешвои муаззами миллат аз рӯзҳои нахустини давлатдорӣ ин иқдомро дастгирӣ намуданд.
Ба ҳолати 1 январи соли 2026 шумораи умумии ҷавонони ноҳия 133 ҳазору 760 нафар буда, аз ин 65 ҳазору 543 нафарро ҷавондухтарон ташкил медиҳад. Дар ҳудуди ноҳия 2 мактаби варзишӣ фаъолият дошта, 37 мураббиён 929 нафар наврасону ҷавононро тамрин медиҳанд.
Варзишгари маъруфи ноҳия Темур Раҳимов дар мусобиқаҳои минтақавию байналмиллалӣ иштирок намуда, шарафи ҷумҳуриро ҳимоя менамояд ва сазовори ҷойҳои намоён мегардад.
Пешвои муаззами миллат доимо чунин таъкид менамоянд: “Мо аз ҷавонони кишвар умеди калон дорем, ки вақтро ғанимат шуморида, ба хотири ояндаи неки Ватан ва пешрафти давлати соҳибистиқлол, омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар, забонҳои хориҷӣ ва азхуд кардани техникаю технолияи навтаринро вазифа ва мақсаду мароми ҳаррӯзаи худ қарор медиҳанд”.
Дар партави ин суханони Пешвои муаззами миллат мо низ умед дорем, ки бо саҳмгузории шумо - ҷавонони ватандўст дар ҳаёти сиёсию иҷтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ноҳия дигаргуниҳои муҳим ба вуқуъ пайваста, аксарияти бахшҳои иқтисоди миллӣ ба таври назаррас рушд хоҳад кард. Ҳамзамон, умедворем, ки соли ҷорӣ дар мусобиқаю чемпионатҳо, олимпиада ва озмунҳо, аз ҷумла, озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат”, “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” ва “Шоҳномахонӣ” шумораи зиёди ҷавонону наврасони ноҳия ширкат варзида, шуҳрати ноҳияро афзун мегардонанд.
Ҷавонони азиз!
Гарчанде дар ноҳия вобаста ба масъалаҳои тарбияи ҷавонон дар руҳияи ахлоқи ҳамида, худогоҳиву ватанпарастӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, пешгирӣ ва мубориза ба муқобили амалҳои номатлуб, гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва ҷинояткорӣ миёни ноболиғону ҷавонон чораҳои мушаххас андешида шуда бошад ҳам, ҳанӯз ин ҳолатҳо ба назар мерасанд. Ҳолатҳои ба ҳаракатҳои тафриқаандоз шомил будани ҷавонон, ҳолатҳои гирифтани таълимоти ғайрирасмии динӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ба мушоҳида мерасад.
Бо вуҷуди аз ҷониби аксарияти занону ҷавондухтарон маҳкум шудани либоспӯшии барои мардуми мо бегона ҳоло низ, мо баъзан дар кӯчаҳо гаштугузори онҳоро бо либосҳои барои мардуми мо бегона мушоҳида мекунем.
Дар хотир дошта бошед, ки соли гузашта ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” тағийрот ворид гардида, барои либоспушии фарҳанги бегона ҷавобгарии маъмурӣ дар намуди ҷарима пешбинӣ гардидааст.
Ҷомеаи солимфикри мо он ҳизбу ҳаракатҳое, ки кӯшиши халалдор намудани рушди бомароми ҷомеаро доранд, кайҳо боз маҳкум кардаанд. ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, ки зери ниқоби ислом фикру ақидаи солими ҷавонони моро заҳролуд мекарданд, дигар ба нияту амалҳояшон муваффаќ шуда наметавонанд.
Бояд иқрор шуд, ки ин ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ як давраи муайян тавонистанд, ки шумораи кам ҳам бошад, баъзе ҷавононро аз роҳи рост бароранд, ба ҳизбу ҳаракатҳояшон шомил кунанду дар амалгардонии супоришҳои хоҷагонашон истифода баранд. Хушбахтона, ақли солим ғолиб баромад. Ҷавонои мо фаҳмиданд, ки роҳи ягонаи дуруст, ин дар атрофи ғояҳои давлатӣ муттаҳид гардидани мо будааст, на бозичаи дасти риёкорон шудан.
Умед дорам, ки ҷавонони бо нангу номуси мо Истиқлоли давлатӣ, арзишҳои миллӣ, покии мазҳабу оин, пуштибонии амнияти миллӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат ва суботи сиёсӣ, таъмини рушди тадриҷии иқтисодиёту ҳадафҳои стратегии созандагӣ ва бунёди ҷомеаи шаҳрвандиро аз муқаддастарин вазифаҳои худ хоҳанд донист ва дар ин роҳ тамоми неруи доштаи худро истифода хоҳанд бурд.
Ҷавонони саодатманди диёри мо барои ҷоннок кардани корҳо оид ба пешгирии зуҳуроти номатлуб байни ҷавонону наврасон, аз ҷумла, ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ гаравидани ҷавонон, ба хориҷи кишвар барои таҳсилоти ғайрирасмии динӣ рафтан, либоспӯшиҳои барои мо бегона саҳмгузор гардида, бештар ба масъалаҳои фароҳам овардани шароити зиндагии шоиста, интихоби роҳи арзандаи ҳаёт ва таъминоти иҷтимоӣ, шуғл хоҳанд варзид. Инчунин, моро зарур аст, ки ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ, боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани кор бо ҷавонон, ҷоннок кардани фаъолияти ташкилотҳои ҷавонон ва наврасон андешидани тадбирҳоро идома диҳем.
Дар ин росто, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, шуъбаи занон ва оила, раёсати маориф ва дигар сохторҳоро зарур аст, ки ҷиҳати фаъолияти устувору самарабахши ташкилотҳои ҷавонон тадбирҳои зарурӣ андешида, дар амалӣ намудани барономаву стратегияҳои давлатӣ дар самти ҷавонон саъю талош намоянд.
Бори дигар, тамоми ҷавонони ноҳия ва кулли ҷавонони кишварро ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрику шодбош гуфта, дар таҳсил ва кору фаъолияташон бурдбориву пешравӣ таманно мекунам. Бигузор, шумо ҷавонон-ворисони наслҳои гузашта, бунёдкорон ва созандагони ояндаи дурахшони диёр бошед!
Ободу сарбаланд ва пайравони асили Пешвои миллат бошед, ҷавонони азиз!