ПОСИ ХОТИРИ ҚАҲРАМОНОНИ МИЛЛАТ
 
     Имрӯз, 29-уми майи соли 2026 раиси ноҳияи Рӯдакӣ Нусратулло Салимзода ҳамроҳ бо раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода, раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода, раиси ноҳияи Варзоб Хусрав Дамонзода ва раиси ноҳияи Шаҳринав Абдуқодир Вализода ба зиёрати оромгоҳи фарзандони номдори миллат - Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум ва Нисор Муҳаммад рафтанд.
     Зимни боздид роҳбарони шаҳру ноҳияҳо аз хидматҳои шоистаи ин шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ дар роҳи ташаккули давлатдории миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои халқу миллат ёдовар шуда, иқдоми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти арҷгузорӣ ба фарзандони фарзонаи миллат муҳим ва таърихӣ арзёбӣ намуданд. Гуфта шуд, ки эҳтиром ба чунин шахсиятҳои фидокор нишонаи қадршиносӣ аз таърих, давлатдорӣ ва арзишҳои миллӣ буда, дар таҳкими ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ нақши муассир дорад.
      Дар идома ҳозирин ба поси хотир дар оромгоҳи ин бузургон эҳтиром ба ҷо оварда, гулгузорӣ карданд.
     Маврид ба зикр аст, ки бо ташаббуси таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қисмате аз хоки фарзандони ҷоннисори миллат Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад аз шаҳри Москваи Федератсияи Русия ба Ватан интиқол дода шуда, маросими ба хок супоридани онҳо дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе бо риояи суннатҳои миллӣ ва динӣ баргузор гардид. Ин гуна иқдомҳои ватандӯстона, ки барои пос доштани хотираи шахсиятҳои таърихӣ роҳандозӣ мешаванд, бозгӯи эҳтироми амиқ ба таърихи миллат ва давлатдории тоҷикон мебошанд.