ШАНБЕГИИ УМУМӢ ДАР ҶАМОАТҲОИ ШАҲРАКУ ДЕҲОТИ НОҲИЯИ РӮДАКӢ
Рӯз, 16-уми май бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия шанбегии умумӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкур дар доираи омодагиҳо ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, сокинон, кормандони корхонаву муассисаҳо, ташкилотҳо, соҳибкорон ва ҷавонони ноҳия дар он иштироки фаъолона намуданд.
Иштирокчиёни шанбегӣ бо ҳисси баланди ватандӯстиву масъулиятшиносӣ ба тоза намудани кӯчаву маҳаллаҳо, роҳҳои автомобилгард, ҷӯйборҳо, ҳудуди корхонаву муассисаҳо, боғу гулгаштҳо, бозорҳо, нуқтаҳои савдо ва дигар мавзеъҳои ҷамъиятӣ машғул шуданд. Ҳамзамон, дар як қатор маҳаллаҳо корҳои сафедкунӣ, шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ ва оро додани кӯчаҳо бо шиору овезаҳои идона анҷом дода шуд. Кормандони корхонаву муассисаҳои ноҳия низ дар корҳои ободониву тозагӣ саҳми назаррас гузошта, барои зебову озода нигоҳ доштани муҳити атроф ва муҳайё намудани фазои идона иқдомҳои созандаро амалӣ намуданд.
Сокинони ноҳияи Рӯдакӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста барои ободу зебо гардонидани диёри худ саҳм мегузоранд. Корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми ҳудуди ноҳия идома доранд.

