ТАҚВИЯТИ ҲУНАРОМӮЗӢ ВА ТАЪМИНИ ЗАНОН БО ҶОЙИ КОР

     Дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади рушди ҳунармандӣ, дастгирии занону духтарони хонашин ва фароҳам овардани имкониятҳои нави шуғл, аз ҷониби филиали Муассисаи давлатии Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир иқдомҳои назаррас амалӣ гардида истодаанд. Аз ҷумла, рӯзи 6-уми майи соли 2026 корхонаи хурди қаннодии «Хонум Эклер» мавриди истифода қарор гирифт, ки дар он то 20 нафар духтарону занони хонашин ба омӯзиш фаро гирифта шуда, нозукиҳои омода намудани маҳсулоти қаннодӣ ба онҳо омӯзонида мешавад.

    Дар маросими ифтитоҳи коргоҳ муовини раиси ноҳия Зарина Исмоилзода ва директори Муассисаи давлатии Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир Фирӯз Гурезов иштирок намуда, иқдоми мазкурро дар самти рушди ҳунармандӣ ва фароҳамсозии ҷойҳои нави корӣ муҳим арзёбӣ карданд. Ҳадаф аз таъсиси чунин коргоҳ баланд бардоштани сатҳи малакаҳои касбӣ, ҷалби занон ба меҳнати созанда ва мусоидат ба беҳтар гардидани шароити иқтисодии оилаҳо мебошад. Ҳамзамон, маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона дар худи коргоҳ ба фурӯш бароварда шуда, барои харидорон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Зимни ифтитоҳи коргоҳ таъкид гардид, ки чунин иқдомҳо дар доираи сиёсати иҷтимоии давлат ҷиҳати дастгирии соҳибкории хурд ва рушди ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ гардида, минбаъд низ густариш дода мешаванд.