ВУСЪАТИ ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ
     Дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи супориши раиси ноҳияи Рӯдакӣ Нусратулло Салимзода корҳои мумфаршкунии роҳҳои автомобилгард дар ноҳия вусъати тоза касб намудаанд.
     
     Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз ҷониби Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард айни замон корҳои мумфаршкунии роҳи автомобилгарди ЧС Улҷабой - Ваҳдат дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Зайнабобод оғоз гардида, дар маҷмуъ зиёда аз 9 километр роҳ бо қабати асфалт пӯшонида мешавад.
     Тибқи иттилои масъулин, корҳои бозсозӣ ва таҷдиди роҳҳо дар соли ҷорӣ идома ёфта, ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати роҳҳои маҳаллӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ мегарданд.
Мақомоти ноҳия ва сохторҳои марбута бо истифода аз тамоми имкониятҳо баҳри беҳтар намудани инфрасохтори роҳҳо, таъмини рафтуомади бемамониати шаҳрвандон ва ободонии маҳалҳо корҳои созандагиро босуръат идома дода истодаанд.