Имрӯз ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз дар деҳаи Пахтакори Ҷамоати деҳоти Чогултеппа мусобиқаи варзишии гӯштини миллӣ бо иштироки васеи ҷавонон ва дӯстдорони варзиш баргузор гардид. Гӯштингирӣ навъи варзишиест, ки иборат аз зӯрозмоии ду ҳариф барои ғолиб гардидан буда, яке аз намудҳои варзиши дӯстдошта ва қадимии халқи тоҷик ба ҳисоб меравад. Ин намуди варзиш аз замони пайдоиши худ то имрӯз барои паҳлавонон ва умуман барои шахсоне , ки ба ин намуди варзиш шавқ доранд, ҳамчун як мактаби ҷасорату мардонагӣ ва далерию тавоноӣ ба ҳисоб рафта, онҳоро дар руҳияи ватандустӣ тарбия намудааст. Боиси ифтихор аст , ки то имрӯз насли ҷавони мамлакат талош бар он менамояд, ки ин анъанаи миллиро давом дода, ба ояндагон низ мерос гузоранд. Ин маънои онро дорад, ки ҷавонони мо тарзи ҳаёти солимро интихоб менамоянд. Баҳри боз ҳам рушд ва инкишоф додани ин намуди варзиш дар тамоми маҳаллу деҳоти ҷамоатҳои ноҳия бахшида ба ҷашни Наврўзи байналмилалӣ мусобиқаи гўштини миллӣ баргузор гардида истодааст.