НАҚШАИ ПИЛЛАИ СОЛИ 2026 ИҶРО ГАРДИД!
Рушди соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои муҳимми таъмини амнияти ғизоӣ ва иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба ҳисоб меравад. Заҳмати содиқонаи деҳқонону кишоварзон баҳри иҷрои нақшаву дурнамо ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ ва корхонаҳо бо ашёи хом самараи нек дода истодааст.
Боиси ифтихору сарфарозист, ки кишоварзони ноҳияи Рӯдакӣ назар ба дигар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аввалин шуда, нақшаи истеҳсоли пилларо дар соли 2026 сарбаландона иҷро намуданд. Ин дастоварди назаррас туҳфаи арзанда ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз сатҳи баланди масъулиятшиносӣ ва меҳнатдӯстии пиллапарварони ноҳия дарак медиҳад.
Тибқи маълумоти раёсати кишоварзии ноҳияи Рӯдакӣ нақшаи истеҳсоли пилла барои соли 2026 дар асоси қарори раиси ноҳия муҳтарам Нусратулло Салимзода тасдиқ гардида, ҳаҷми он 6500 килограмм муайян шуда буд. Бо шарофати тадбирҳои саривақтӣ, ташкили дурусти кор ва заҳмати шабонарӯзии пиллапарварон иҷроиши нақша дар ин марҳила ба 7116 килограмм ё 109 фоиз расонида шуд. Айни замон истеҳсоли пилла дар хоҷагиҳо бомаром идома дошта, кишоварзон ният доранд, ки ҳаҷми иловагии маҳсулотро низ таъмин намоянд.
Роҳбарияти ҷамъияти саҳҳомии кушоди “Пиллаи тоҷик” дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи сиёсати созандаи давлат дар самти рушди пиллапарварӣ корҳои назаррасро ба анҷом расониданд. Бо роҳбарии бевоситаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ Нусратулло Салимзода ситоди махсус оид ба тақсими тухми кирмак, таъмини шароити мусоид ва ҷамъоварии пилла таъсис дода шуда, фаъолияти он дар ҳамоҳангӣ бо сохторҳои соҳавӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва хоҷагиҳои кишоварзӣ ба роҳ монда шуд.
Тибқи банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2023, №247 “Дар бораи андешидани тадбирҳо ҷиҳати рушди соҳаи пиллапарварӣ”, барои густариши ин соҳаи муҳим тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ гардидаанд. Натиҷаи ҳамин таваҷҷуҳу дастгирӣ буд, ки абрешимчиёни ноҳияи Рӯдакӣ имсол аз ҳар 250 қуттии кирмак ба ҳисоби миёна 28,5 килограммӣ пилла истеҳсол намуда, зиёда аз 7,1 тонна маҳсулоти хушсифат ба даст оварданд.
Бояд гуфт, ки пиллапарварӣ аз ҷумлаи самтҳои асосии соҳаи кишоварзӣ маҳсуб ёфта, дар рушди саноати сабук ва истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ нақши муассир дорад. Маҳсулоти пилла ҳамчун ашёи хоми гаронарзиш дар истеҳсоли риштаҳои абрешимӣ, матоъҳои миллӣ, атласу адрас ва дигар маҳсулоти саноатӣ истифода мешавад. Ҳамзамон, абрешим дар саноати сабук, тиб, косметология ва ҳатто, дар баъзе самтҳои истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ мавриди истифода қарор дорад.
Таърихи пиллапарварӣ дар сарзамини тоҷикон бисёр қадима буда, мардуми мо аз давраҳои пеш бо парвариши кирмаки абрешим машғул буданд.
Бо истифода аз фурсат ба ҳамаи пиллапарварон, роҳбарони хоҷагиҳо, фаъолон ва сокинони меҳнатқарини ноҳияи Рӯдакӣ барои саҳми арзандаашон дар иҷрои нақшаи истеҳсоли пилла изҳори сипосу миннатдорӣ менамоям. Итминони комил дорем, ки кирмакпарварони ноҳия то анҷоми мавсим имкониятҳои мавҷударо самаранок истифода бурда, ҳаҷми истеҳсоли пиллаи хушсифатро боз ҳам афзоиш медиҳанд.
Муваффақияти имрӯзаи пиллапарварони ноҳияи Рӯдакӣ далели равшани он аст, ки ҳар ҷо меҳнати софдилона ва ташкили дурусти кор вуҷуд дошта бошад, натиҷаи дилхоҳ ҳатман ба даст меояд.
Аҳлиддин ШАРИФЗОДА, муовини якуми раиси ноҳияи Рӯдакӣ

