ҲАФТАИ "ПОСИ ХОТИР" ДАР МТМУ №8

     Бахшида ба 81-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги ҷаҳонии дуюм дар доираи ҳафтаи "Поси хотир" рӯз, 7-уми майи соли 2026 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Рӯдакӣ чорабинии маърифатӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Исмоилзода Зарина, муовини сардори раёсати маорифи ноҳия Баҳриддин Нуруллозода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Орзубек Маҳмудов, сармуҳаррири рӯзномаи "Насими айём" Умеда Алимова, аҳли ҷамоатчигӣ, омӯзгорону хонандагон ва собиқадорони ҷангу меҳнат иштирок намуданд.

 

     Зимни суханронӣ муовини раиси ноҳия Зарина Исмоилзода аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ҳозиринро ба муносибати 81-умин солгарди Рӯзи Ғалаба табрику таҳният гуфта, таъкид намуд, ки саҳми фарзандони Тоҷикистон дар пирӯзии таърихӣ бар фашизми гитлерӣ хеле арзишманд мебошад. Қайд гардид, ки ҷасорату қаҳрамонии падарону модарони мо бояд барои насли ҷавон намунаи ибрат ва ватандӯстӣ бошад. Дар хотимаи чорабинӣ аз ҷониби хонандагони муассиса барномаи фарҳангӣ пешкаш гардида, суруду саҳначаҳои тарбиявӣ манзури ҳозирин карда шуданд.