Яке аз ҳадафҳои муҳимтарин дар давраи ҳисоботӣ ин ҳарчи бештар ба ҳаёти спесиву иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия ҷалб кардани занон буда, вобаста ба ин дар давраи ҳисоботӣ барои муҳайё намудани шароитҳои муфиди зиндагӣ ва кор, ҳамчунин баланд бардо штани дараҷаи зист ва беҳдошти ҳаёти занон дар доираи амалисозии Барномаи давлатии “Стратегияи милили фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва  “Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023” силсилаи чорабиниҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. 

           Нақши занон ва духтарони ноҳия ҳамчунин дар баргузории зиёда аз 18 чорабиниҳои ноҳия ва ҷумҳурӣ зиёд аст.

        Ҳамчунин дар доираи барномаҳои мазкур силсилаи чорабиниҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар мавзӯҳои пешгирӣ ва бартараф намудани зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ,  тақлид ба либоси бегона, гаравиши занону духтарон ба гурӯҳу созмонҳои ифротӣ, инчунин суҳбату вохӯриҳо вобаста ба масъалаҳои ташаккули хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, одоби оиладорӣ, сабабҳои вайроншавии оилаҳо, бемориҳои сироятӣ ва роҳҳои пешгирии он бо иштироки раисони шӯроҳои занони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, фаъолзанон, сарварони мактабҳо, раисони маҳаллаҳо, намояндагони ташкилотҳои занона ва ходимони дин, шӯроҳои духтарони мактаб дар ҳамаи ҷамоатҳо баргузоргардид.  

       Ҳоло иштироки бонувони ноҳия дар корҳои давлатдорӣ, идораи соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт дар дараҷаи зарурӣ қарор дорад.