Рӯз 9-уми апрели соли ҷорӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ бо мақсади таҳкими ҳамкории ҷомеа бо сохторҳои давлатӣ ва дар доираи иҷрои нақшаи муштараки сохторҳои дахлдор дар деҳаҳои Меҳтарӣ, Шайхон, Хокалӣ ва Ганҷободи Ҷамоати деҳоти Роҳатӣ вохӯрии навбатии гурӯҳи тарғиботӣ бо усули "Деҳа ба деҳа" ва "Маҳалла ба маҳалла" баргузор гардид.

     Ин вохӯрӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шуда, ҳадафи асосии он баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ миёни аҳолӣ мебошад.

     Дар мулоқот муовини раиси ноҳия Давлатзода Неъматулло, сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ Одил Муминов, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ дар ноҳия Абдураҳмонов Сунатулло, сармутахассиси бахши дин ва танзими ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Беҳрӯз Назаров ва намояндаи Ҷамоати деҳоти Роҳатӣ бо сокинони деҳаи мазкур ширкат варзиданд. Масъулин дар суҳбат бо сокинон ба масъалаҳои муҳими иҷтимоиву фарҳангӣ рӯ оварда, аҳамияти риояи арзишҳои миллӣ, пешгирии бегонапарастӣ, ба бар намудани сару либоси миллӣ, истифодаи самараноки нерӯи барқ, ҷамъоварии босамари ҳосил, захираи дурусту саривақтии маводи ғизоӣ, пешгирии гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, инчунин пешгирии бармаҳал оиладоршавӣ ва ҷудошавии оилаҳои ҷавон таъкид намуданд. Иброз гардид, ки ҳар як хонавода бояд бо эҳсоси баланди масъулият дар тарбияи фарзандон саҳмгузор бошад ва онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ифтихори миллӣ ба воя расонад.

     Дар қисмати саволу ҷавоб, сокинон андешаҳои худро баён намуда, пешниҳодҳои судманд ироа карданд. Масъулин ба суолҳои марбут ба соҳаҳои гуногун посухҳои мушаххас доданд. Вохӯрӣ дар фазои озоду самимӣ ҷамъбаст гардида, зикр шуд, ки чунин мулоқотҳо минбаъд низ идома меёбанд ва ба таҳкими робитаи мақомоти давлатӣ бо ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи огоҳии сиёсӣ ва рушди ҳамбастагии миллӣ мусоидат хоҳанд кард.

 

     Имрӯз, 6-уми апрели соли 2026 дар доираи иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар мавриди вусъатбахшии корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ ва таҳкими худогоҳиву хештаншиносӣ миёни аҳолӣ, аъзои гурӯҳи корӣ бо истифода аз усули «Деҳа ба деҳа», бо аҳолии деҳаҳои Охчагман, Теппаи Самарқандӣ, Нилкон, Роҳатӣ ва Моинкпҷи Ҷамоати деҳоти Роҳатӣ вохӯриву мулоқоти судманд анҷом доданд.

     Дар ҷараёни вохӯриву мулоқоти мазкур сармутахассиси бахши дин ва танзими ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Беҳрӯз Назаров, намояндаи Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Хушбахт Машрабзода, мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Латипова Парвона ва намояндаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Зардакова Саида бо сокинони деҳаҳои мазкур доир ба масъалаҳои моҳияти дин ва диндорӣ, тоза кардани имону эътиқод аз хурофот ва таассуб, анҷом додани корҳои хайру савоб, амсоли роҳсозӣ, обкашонӣ, инчунин, пешгирӣ аз таълимоти нодуруст ва ғайрирасмии динию мазҳабӣ, пешгирии тамоюл ба пӯшидани либосҳои бегона ва симои зоҳирии тақлидкорона бо баҳонаҳои сатру ҳиҷоб ва суннати исломӣ, дуруст шакл додани ақидаҳои динӣ ва имону эътиқод, риояи ҳатмии талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак» , ҳамзамон оид ба зарурати машғул шудан ба кори пурмаҳсул, дуруст танзим кардани раванди муҳоҷирати аҳолӣ ба хориҷи кишвар, афзалияти кор дар замин ва зарурати рӯёнидани ду-се ҳосил дар як сол, захираи маводи ғизоӣ барои на кам аз 2 сол, мақсадноку сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ, пешгирии талафот ва дуздии он, мусоидат дар пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳои хизматрасон, эҳсоси масъулият дар раванди татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, аз ҷумла, таъмини амнияти озӯқаворӣ, такомули фаҳмиши дурусти сиёсӣ, фаъол гардонидани мардум дар самти анҷом додани корҳои амалии созандагию бунёдкорӣ, таблиғу ташвиқи моҳияти ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот, баланд бардоштани эҳсоси масъулияти шаҳрвандон дар раванди давлатдорию давлатсозӣ сӯҳбатҳои самимӣ анҷом доданд.

     Илова бар ин, ҳайати гурӯҳ мавзуъҳои мубрами рӯз, аз ҷумла, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротӣ, ҷалби ҷавонон ба корҳои ободониву созандагӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии шаҳрвандон, ҷаҳонбинӣ ва эҳсоси худшиносиву худогоҳии миллӣ дар ҷомеа, тарғиби фарҳанги миллӣ ва мубориза бо таҳоҷуми фарҳангиву идеологӣ, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, пешгирии аз таҳсил дур мондани фарзандон, риояи талаботи қонунгузории кишвар ва дигар масъалаҳои мавриди назар сӯҳбат карданд. Дар ҷараёни вохӯриву мулоқоти мазкур аз ҷониби сокинону фаъолон низ ба масъулин оид ба ҳалли масъалаҳои мубрами рӯз таклифу дархостҳои судманд пешниҳод гардид.

    4-уми апрели соли 2026 бо мусоид омадани боду ҳаво ва муътадил гардидани ҳарорати хок кишоварзони Ҷамоати деҳоти Гулистон дар хоҷагиҳои деҳқонии ҳудуди ҷамоат дар масоҳати 8,0 га ба кишти пумбадона оғоз намуданд.    Дар маъракаи кишти пунбадона раиси ҷамоати деҳот, мутахассисони кишоварзӣ, ҳамзамон, пирони рӯзгордида ва собиқадорони соҳаи кишоварзӣ иштирок намуда, ба кишоварзон дуои хайр дода, онҳоро ба меҳнати софдилона ва самаранок ҳидоят намуданд.   Зикр гардид, ки рушди соҳаи пахтакорӣ яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти маҳаллӣ ба шумор рафта, барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ нақши муҳим дорад.   Раиси ҷамоат Шарипов Ашраф зимни суҳбат бо деҳқонон таъкид намуд, ки истифодаи самараноки замин, риояи агротехника ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири кишоварзӣ метавонад ҳосилнокиро афзоиш диҳад.    Дар фарҷом бо нияти нек ва умеди ҳосили фаровон, ба кишти пахта оғози расмӣ бахшида шуд.