- Диданд: 33
Вохӯрии аъзои гурӯҳи корӣ бо сокинони деҳаҳои Султонобод 1, Султонобод 2, Султонобод 3, Балхӣ, Иттифоқ, Баракат, Офтобрӯя, Чаманоро, Гулоб ва Лолазори Ҷамоати деҳоти Султонобод. Санаи 24-уми апрели соли 2026 дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар мавриди вусъатбахшии корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ ва таҳкими худогоҳиву хештаншиносӣ миёни аҳолӣ, аъзои гурӯҳи корӣ бо истифода аз усули «Деҳа ба деҳа» бо сокинони деҳаҳои ҷамоати деҳоти Султонобод вохӯриву мулоқоти судманд анҷом доданд.
Дар ҷараёни вохӯриву мулоқоти мазкур сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ Нуров Парвиз, сармутахассиси бахши дин Назаров Беҳрӯз, намояндаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ Салимова Манзура ва намояндагони Ҷамоати деҳоти Султонобод бо сокинони деҳаҳои мазкур доир ба масъалаҳои моҳияти дин ва диндорӣ, тоза кардани имону эътиқод аз хурофот ва таассуб, анҷом додани корҳои хайру савоб, амсоли роҳсозӣ, обкашонӣ, инчунин, пешгирӣ аз таълимоти нодуруст ва ғайрирасмии динию мазҳабӣ, пешгирии тамоюл ба пӯшидани либосҳои бегона ва симои зоҳирии тақлидкорона бо баҳонаҳои сатру ҳиҷоб ва суннати исломӣ, дуруст шакл додани ақидаҳои динӣ ва имону эътиқод, риояи ҳатмии талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак» , ҳамзамон оид ба зарурати машғул шудан ба кори пурмаҳсул, дуруст танзим кардани раванди муҳоҷирати аҳолӣ ба хориҷи кишвар, захираи маводи ғизоӣ барои на кам аз 2 сол, мақсадноку сарфакорона истифода бурдани неруи барқ, пешгирии талафот ва дуздии он, мусоидат дар пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳои хизматрасон, эҳсоси масъулият дар раванди татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, аз ҷумла, таъмини амнияти озӯқаворӣ, такомули фаҳмиши дурусти сиёсӣ, фаъол гардонидани мардум дар самти анҷом додани корҳои амалии созандагию бунёдкорӣ, таблиғу ташвиқи моҳияти ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот, баланд бардоштани эҳсоси масъулияти шаҳрвандон дар раванди давлатдорию давлатсозӣ суҳбатҳои самимӣ анҷом доданд.
Илова бар ин, ҳайати гурӯҳ мавзуъҳои мубрами рӯз, аз ҷумла, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротӣ, ҷалби ҷавонон ба корҳои ободониву созандагӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии шаҳрвандон, ҷаҳонбинӣ ва эҳсоси худшиносиву худогоҳии миллӣ дар ҷомеа, тарғиби фарҳанги миллӣ ва мубориза бо таҳоҷуми фарҳангиву идеологӣ, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, пешгирии аз таҳсил дур мондани фарзандон, риояи талаботи қонунгузории кишвар ва дигар масъалаҳои мавриди назар суҳбат карданд. Дар ҷараёни вохӯриву мулоқоти мазкур аз ҷониби сокинону фаъолон низ ба масъулин оид ба ҳалли масъалаҳои мубрами рӯз таклифу дархостҳои судманд пешниҳод гардид.
- Диданд: 42
ВОХӮРИИ НАМОЯНДАГОНИ ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
БО СОКИНОНИ НОҲИЯ ОИД БА ПЕШГИРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ
22-юми апрели соли 2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ вохӯрии намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони ноҳия баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои пешгирии экстремизм ва терроризм, киберҷиноят ва тақвияти маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҷаласа муовини раиси ноҳия Неъматулло Давлатзода, намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон - прокурори калони Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо Суҳроб Толибзода ва прокурори ҳамин марказ Хусрав Убайдзода, инчунин, роҳбарону кормандони сохторҳои давлатӣ иштирок намуданд. Ҳамчунин, дар чорабинӣ раисону муовинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, вакилони маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва ҷамоатҳо, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, раисони маҳаллаҳо, шӯроҳои занону ҷавонон, ходимони дин ва дигар фаъолони ҷомеа ширкат варзиданд. Зимни вохӯрӣ зикр гардид, ки дар доираи иҷрои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 ва татбиқи “Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ як қатор тадбирҳои мушаххас амалӣ гардида истодаанд.
Аз ҷумла, дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ гардида, нақшаи чорабиниҳо таҳия ва гурӯҳҳои кории муштарак таъсис дода шудаанд. Таъкид шуд, ки масъалаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм зери назорати доимӣ қарор дошта, дар машваратҳои кории назди роҳбарияти ноҳия мунтазам баррасӣ мегардад ва ба сохторҳои масъул ҷиҳати пешгирии омилҳои номатлуб супоришҳои мушаххас дода мешаванд. Дар идомаи ҷаласа намояндагони Прокуратураи генералӣ вобаста ба мазмуну моҳияти Стратегияи мазкур, вазъи кунунии қонуният ва роҳҳои пешгирии шомилшавии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон, ба созмону ҳаракатҳои ифротӣ маърузаҳо пешниҳод намуданд.
Зикр гардид, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳифзи сулҳу субот, таҳкими худшиносии миллӣ ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ аз вазифаҳои муҳим ба ҳисоб рафта, танҳо дар заминаи ҳамкории зичи ҷомеа ва мақомоти давлатӣ метавон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Дар фарҷоми вохӯрӣ ба масъулин ҷиҳати тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва иҷрои босамари нақшаи чорабиниҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
- Диданд: 42
ДАРСҲОИ САЙЁР БО САРДОРОНИ МУДОФИАИ ГРАЖДАНИИ
ҶАМОАТҲОИ ШАҲРАКУ ДЕҲОТ ВА КОРХОНАВУ ТАШКИЛОТҲОИ ҲУДУДИ НОҲИЯ
Санаи 23-уми апрели соли 2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ва тибқи нақша ва дархости Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дарси сайёр бо Сардорони мудофиаи граждании ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва корхонаву ташкилотҳои ҳудуди ноҳия ташкил ва гузаронида шуд.
Саҳифаи 8 аз 87

