ТАҚВИЯТИ ҲУНАРОМӮЗӢ ВА ТАЪМИНИ ЗАНОН БО ҶОЙИ КОР

     Дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади рушди ҳунармандӣ, дастгирии занону духтарони хонашин ва фароҳам овардани имкониятҳои нави шуғл, аз ҷониби филиали Муассисаи давлатии Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир иқдомҳои назаррас амалӣ гардида истодаанд. Аз ҷумла, рӯзи 6-уми майи соли 2026 корхонаи хурди қаннодии «Хонум Эклер» мавриди истифода қарор гирифт, ки дар он то 20 нафар духтарону занони хонашин ба омӯзиш фаро гирифта шуда, нозукиҳои омода намудани маҳсулоти қаннодӣ ба онҳо омӯзонида мешавад.

    Дар маросими ифтитоҳи коргоҳ муовини раиси ноҳия Зарина Исмоилзода ва директори Муассисаи давлатии Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир Фирӯз Гурезов иштирок намуда, иқдоми мазкурро дар самти рушди ҳунармандӣ ва фароҳамсозии ҷойҳои нави корӣ муҳим арзёбӣ карданд. Ҳадаф аз таъсиси чунин коргоҳ баланд бардоштани сатҳи малакаҳои касбӣ, ҷалби занон ба меҳнати созанда ва мусоидат ба беҳтар гардидани шароити иқтисодии оилаҳо мебошад. Ҳамзамон, маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона дар худи коргоҳ ба фурӯш бароварда шуда, барои харидорон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Зимни ифтитоҳи коргоҳ таъкид гардид, ки чунин иқдомҳо дар доираи сиёсати иҷтимоии давлат ҷиҳати дастгирии соҳибкории хурд ва рушди ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ гардида, минбаъд низ густариш дода мешаванд.

ДАВРИ НОҲИЯВИИ ФЕСТИВАЛ-ОЗМУНИ “БЕҲТАРИН УСТО ВА ШОГИРД” ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

    Имрӯз, 5-уми майи соли 2026 дар ноҳияи Рӯдакӣ даври ноҳиявии Фестивал-озмуни ҳунармандону косибон таҳти унвони “Беҳтарин усто ва шогирд” баргузор гардид. Аз рафти баргузории фестивал-озмун раиси ноҳия Нусратулло Салимзода дидан намуда, дар ҳамроҳӣ бо ҳайати комиссия аз растаҳои намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла, маҳсулоти қаннодӣ, бофандагӣ ва дӯзандагӣ, коркарди чӯб ва маснуоти филизӣ дидан карда, ба маҳорати ҳунармандон баҳои баланд доданд.

     Қайд гардид, ки фестивал-озмуни мазкур бо мақсади эҳёи анъанаҳои неки ниёгон, рушди ҳунарҳои мардумӣ, таҳкими мактаби “усто-шогирд”, дарёфти чеҳраҳои нав ва дастгирии ҳунармандони соҳибистеъдод баргузор карда мешавад. Озмун аз рӯйи чанд номинатсия, аз ҷумла, қаннодӣ, бофандагӣ ва дӯзандагӣ, коркарди чӯб ва коркарди металл доир гардида, ғолибон барои иштирок дар даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

     Дар маросими ҷоизасупорӣ муовини раиси ноҳия Зарина Исмоилзода суханронӣ намуда, иброз дошт, ки баргузории чунин озмунҳо барои ҳифз ва рушди ҳунарҳои миллӣ, баланд бардоштани завқи зебоипарастӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Дар фарҷом, ғолибону иштирокчиёни фаъоли озмун бо Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

     Рӯз, 4-уми майи соли 2026 ба муносибати Рӯзи касбии кормандони мақомоти андоз аз ҷониби раиси ноҳияи Рӯдакӣ Нусратулло Салимзода ба як қатор кормандони мақомоти андози ноҳия Сипоснома тақдим гардид. Сипосномаҳо дар маросими тантанавӣ, ки бахшида ба иди касбӣ баргузор шуд, аз тарафи муовини раиси ноҳия Саидаҳмад Қосимзода ба кормандони фаъол супорида шуд.

     Зимни супоридани мукофотҳо Саидаҳмад Қосимзода фаъолияти софдилонаи кормандони соҳаи андозро дар иҷрои нақшаи буҷет, таъмини даромадҳои давлатӣ ва мубориза бо қонунвайронкуниҳои андозӣ махсус қайд намуда, ба онҳо барои хизмати содиқона изҳори сипос кард. Қайд гардид, ки мақомоти андоз нақши муҳимро дар рушди иқтисодии ноҳия ва беҳбуди сатҳи зиндагии аҳолӣ мебозад.