ВУСЪАТИ ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ
     Дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи супориши раиси ноҳияи Рӯдакӣ Нусратулло Салимзода корҳои мумфаршкунии роҳҳои автомобилгард дар ноҳия вусъати тоза касб намудаанд.
     
     Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз ҷониби Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард айни замон корҳои мумфаршкунии роҳи автомобилгарди ЧС Улҷабой - Ваҳдат дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Зайнабобод оғоз гардида, дар маҷмуъ зиёда аз 9 километр роҳ бо қабати асфалт пӯшонида мешавад.
     Тибқи иттилои масъулин, корҳои бозсозӣ ва таҷдиди роҳҳо дар соли ҷорӣ идома ёфта, ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати роҳҳои маҳаллӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ мегарданд.
Мақомоти ноҳия ва сохторҳои марбута бо истифода аз тамоми имкониятҳо баҳри беҳтар намудани инфрасохтори роҳҳо, таъмини рафтуомади бемамониати шаҳрвандон ва ободонии маҳалҳо корҳои созандагиро босуръат идома дода истодаанд.
 
ЭЪЛОН
ОЗМУН!
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд.
Воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия:
1. Сармутахассиси – ҳуқуқшиноси дастгоҳи раиси ноҳияи Рӯдакӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2175,26 сомонӣ.
2. Сармутахассиси бахши молия ва муҳосиботи дастгоҳи раиси ноҳияи Рӯдакӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2175,26 сомонӣ.
3. Мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Рӯдакӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1461,6 сомонӣ.
4. Сармутахассиси бахши сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2175,26 сомонӣ.
5. Сармутахассиси шуъбаи сохтмон ва меъмории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2175,26 сомонӣ.
6. Мутахассиси пешбари шуъбаи сохтмон ва меъмории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ, - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1781,76 сомонӣ.
7. Мутахассиси шуъбаи сохтмон ва меъмории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ, - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1461,6 сомонӣ.
8. Мутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ- 1461,6 сомонӣ
9. Сармутахассиси шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ- 2175,26 сомонӣ
10. Мутахассиси пешбари шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1781,76 сомонӣ.
11. Мутахассиси шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ-1 ҷой, маоши мансабӣ - 1461,6 сомонӣ.
12. Сармутахассис (сармуҳосиб)-и раёсати кишоварзии ноҳияи Рӯдакӣ 1- ҷой, маоши мансабӣ 2175,26 сомонӣ
13. Мутахассиси пешбар (зоотехник)-и раёсати кишоварзии ноҳияи Рӯдакӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1781,76 сомонӣ.
14. Мутахассиси пешбари раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1781,76 сомонӣ.
15. Мутахассиси пешбари раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1781,76 сомонӣ.
16. Мутахассиси пешбари раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1781,76 сомонӣ.
Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти ноҳия:
1. Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати шаҳраки Сомониён - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2077,65 сомонӣ.
2. Сармутахассис оид ба масъалаҳои омори Ҷамоати шаҳраки Сомониён - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2077,65 сомонӣ.
3. Сармутахассис (сармуҳосиб)-и Ҷамоати шаҳраки Сомониён - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2077,65 сомонӣ.
4. Мутахассис оид ба масъалаҳои андоз ва хазинадории Ҷамоати шаҳраки Сомониён - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1394,52 сомонӣ.
5. Сармутахассиси дин ва танзими ҷашну маросими Ҷамоати шаҳраки Навобод - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2077,65 сомонӣ.
6. Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати шаҳраки Навобод - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2077,65 сомонӣ.
7. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати шаҳраки Навобод - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1701,16 сомонӣ.
8. Мутахассис оид ба масъалаҳои андоз ва бойгонии Ҷамоати шаҳраки Навобод - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1701,16 сомонӣ.
9. Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати шаҳраки М. Турсунзода - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2077,65 сомонӣ.
10. Сармутахассис оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати шаҳраки М.Турсунзода - 1 ҷой, маоши мансабӣ 2077,65 сомонӣ.
11. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои омори Ҷамоати шаҳраки М.Турсунзода - 1 ҷой, маоши мансабӣ 2077,65 сомонӣ.
12. Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Чоргултеппа - 1 ҷой, маоши мансабӣ 2077,65 сомонӣ
13. Сармутахассис (сармуҳосиб)-и Ҷамоати деҳоти Чоргултеппа -1 ҷой, маоши мансабӣ - 2077,65 сомонӣ.
14. Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Лоҳур - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2077,65 сомонӣ.
15. Сармутахассис оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Лоҳур - 1 ҷой, маоши мансабӣ 2077,65 сомонӣ.
16. Сармутахассис (сармуҳосиб) Ҷамоати деҳоти Лоҳур - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2077,65 сомонӣ.
17. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои омори Ҷамоати деҳоти Лоҳур - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1701,16 сомонӣ.
18. Мутахассис оид ба масъалаҳои ҳуқуқ, кор бо кадр ва бойгонии Ҷамоати деҳоти Лоҳур - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1394,52 сомонӣ.
19. Сармутахассиси оид ба корҳои омори Ҷамоати деҳоти Гулистон - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2077,65 сомонӣ.
20. Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Гулистон- 1ҷой маоши мансабӣ 2077,65 сомонӣ
21. Сармутахассис (сармуҳосиб)-и Ҷамоати деҳоти Гулистон -1 ҷой, маоши мансабӣ 2077,65 сомонӣ.
22. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Гулистон- 1 ҷой маоши мансабӣ - 1701,16 сомонӣ.
23. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои кишоварзии Ҷамоати деҳоти Гулистон - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1701,16 сомонӣ.
24. Мутахассис оид ба масъалаҳои андоз ва хазинадори Ҷамоати деҳоти Гулистон - 1 ҷой маоши мансабӣ - 1394,52 сомонӣ.
25. Мутахассис оид ба масъалаҳои андози Ҷамоати деҳоти Гулистон- 1 ҷой маоши мансабӣ - 1394,52 сомонӣ.
26. Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Сарикиштӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2077,65 сомонӣ.
27. Сармутахассиси оид ба корҳои омори Ҷамоати деҳоти Сарикиштӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2077,65 сомонӣ.
28. Сармутахассиси дин ва танзими ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Сарикишти - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2077,65 сомонӣ.
29. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои кишоварзии Ҷамоати деҳоти Сарикиштӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1701,16 сомонӣ.
30. Мутахассис оид ба масъалаҳои андоз ва бойгони Ҷамоати деҳоти Сарикиштӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1394,52 сомонӣ.
31. Мутахассис оид ба масъалаҳои андоз ва хазинадори Ҷамоати деҳоти Сарикиштӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1394,52 сомонӣ.
32. Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Чоряккорон - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2077,65 сомонӣ.
33. Сармутахассис (сармуҳосиб)-и Ҷамоати деҳоти Чоряккорон -1 ҷой, маоши мансабӣ 2077,65 сомонӣ.
34. Сармутахассиси оид ба корҳои омори Ҷамоати деҳоти Чоряккорон - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2077,65 сомонӣ.
35. Мутахассис оид ба масъалаҳои андози Ҷамоати деҳоти Чоряккорон - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1394,52 сомонӣ.
36. Сармутахассис (сармуҳосиб)-и Ҷамоати деҳоти Чортеппа -1 ҷой, маоши мансабӣ - 2077,65 сомонӣ.
37. Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Чортеппа - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2077,65 сомонӣ.
38. Сармутахассис оид ба масъалаҳои омори Ҷамоати деҳоти Чортеппа - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2077,65 сомонӣ.
39. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои ҳуқуқ, кор бо кадр ва бойгонии Ҷамоати деҳоти Чортеппа - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1701,16 сомонӣ.
40. Мутахассис оид ба масъалаҳои кишоварзии Ҷамоати деҳоти Чортеппа - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1394,52 сомонӣ.
41. Мутахассис оид ба масъалаҳои андоз ва хазинадории Ҷамоати деҳоти Чортеппа - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1394,52 сомонӣ.
42. Сармутаххассис оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеъаи Ҷамоати деҳоти Эсанбой - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2077,65 сомонӣ.
43. Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Эсанбой - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2077,65 сомонӣ.
44. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои омори Ҷамоати деҳоти Эсанбой - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1701,16 сомонӣ.
45. Мутахассис оид ба масъалаҳои ҳуқуқ, кор бо кадр ва бойгонии Ҷамоати деҳоти Эсанбой -1 ҷой, маоши мансабӣ - 1701,16 сомонӣ.
46. Сармутахассис (сармуҳосиб)-и Ҷамоати деҳоти Султонобод -1 ҷой, маоши мансабӣ - 2077,65 сомонӣ.
47. Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Султонобод - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2077,65 сомонӣ.
48. Мутахассис оид ба масъалаҳои ҳуқуқ, кор бо кадр ва бойгонии Ҷамоати деҳоти Султонобод - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1394,52 сомонӣ.
49. Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Роҳатӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2077,65 сомонӣ.
50. Сармутахассис дин ва танзими ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Роҳатӣ -1 ҷой, маоши мансабӣ - 2077,65 сомонӣ.
51. Сармутахассис (сармуҳосиб)-и Ҷамоати деҳоти Роҳатӣ -1 ҷой, маоши мансабӣ - 2077,65 сомонӣ.
52. Мутахассис оид ба масъалаҳои кишоварзии Ҷамоати деҳоти Роҳатӣ -1 ҷой, маоши мансабӣ - 1394,52 сомонӣ.
53. Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти қиблаӣ -1ҷой, маоши мансабӣ - 2077,65 сомонӣ.
54. Сармутахассис (сармуҳосиб)-и Ҷамоати деҳоти қиблаӣ -1 ҷой, маоши мансабӣ - 2077,65 сомонӣ.
55. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои омори Ҷамоати деҳоти Қиблаӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1701,16 сомонӣ.
56. Мутахассис оид ба масъалаҳои ҳуқуқ, кор бо кадр ва бойгонии Ҷамоати деҳоти Қиблаӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1394,52 сомонӣ.
57. Мутахассис оид ба масъалаҳои андоз ва хазинадории Ҷамоати деҳоти Қиблаӣ -1 ҷой, маоши мансабӣ - 1394,52 сомонӣ.
58. Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Зайнабобод- 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2077,65 сомонӣ.
59. Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Зайнабобод - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1701,16 сомонӣ.
60. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Зайнабобод - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1701,16 сомонӣ.
61. Мутахассис оид ба масъалаҳои андоз ва хазинадории Ҷамоати деҳоти Зайнабобод - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1394,52 сомонӣ.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 3х4);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ
надорад);
- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли №038;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- маълумотнома дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
- нусхаи шиноснома;
- маълумотнома оид надоштани доғи судӣ;
- маълумотнома аз ҷои истиқомат;
- син (суғуртаи иҷтимои нафақа);
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби сармутахассис:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
- малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:
- таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
- малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мутахассис:
- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
- малакаи кор бо компютер.
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо: ноҳияи Рӯдакӣ, кӯчаи И.Сомонӣ-16, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ. Телефон: (8-3137) 21-4-01, 2-25-35, Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
ПОСИ ХОТИРИ ҚАҲРАМОНОНИ МИЛЛАТ
 
     Имрӯз, 29-уми майи соли 2026 раиси ноҳияи Рӯдакӣ Нусратулло Салимзода ҳамроҳ бо раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода, раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода, раиси ноҳияи Варзоб Хусрав Дамонзода ва раиси ноҳияи Шаҳринав Абдуқодир Вализода ба зиёрати оромгоҳи фарзандони номдори миллат - Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум ва Нисор Муҳаммад рафтанд.
     Зимни боздид роҳбарони шаҳру ноҳияҳо аз хидматҳои шоистаи ин шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ дар роҳи ташаккули давлатдории миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои халқу миллат ёдовар шуда, иқдоми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти арҷгузорӣ ба фарзандони фарзонаи миллат муҳим ва таърихӣ арзёбӣ намуданд. Гуфта шуд, ки эҳтиром ба чунин шахсиятҳои фидокор нишонаи қадршиносӣ аз таърих, давлатдорӣ ва арзишҳои миллӣ буда, дар таҳкими ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ нақши муассир дорад.
      Дар идома ҳозирин ба поси хотир дар оромгоҳи ин бузургон эҳтиром ба ҷо оварда, гулгузорӣ карданд.
     Маврид ба зикр аст, ки бо ташаббуси таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қисмате аз хоки фарзандони ҷоннисори миллат Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад аз шаҳри Москваи Федератсияи Русия ба Ватан интиқол дода шуда, маросими ба хок супоридани онҳо дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе бо риояи суннатҳои миллӣ ва динӣ баргузор гардид. Ин гуна иқдомҳои ватандӯстона, ки барои пос доштани хотираи шахсиятҳои таърихӣ роҳандозӣ мешаванд, бозгӯи эҳтироми амиқ ба таърихи миллат ва давлатдории тоҷикон мебошанд.