БАРГУЗОРИИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ 

     Рӯз, 18-уми апрели соли 2026 дар боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Рӯдакӣ даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор гардид.

    Чорабинии мазкур бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин дар доираи нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ роҳандозӣ гардида, ба тарғибу эҳёи анъанаҳои миллӣ, ҳифзи таомҳои суннатӣ ва баланд бардоштани маҳорати кадбонугии занону бонувон равона шуда буд.

     Дар маросими ифтитоҳи озмун намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла муовини раиси Кумита Абдулмаинзода Зарина, мудири шуъбаи иттилооти Кумита Исломзода Боғигул, инчунин муовинони раиси ноҳияи Рӯдакӣ — Давлатзода Неъматулло ва Исмоилзода Зарина, ҳамчунин мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳия Усмонзода Моҳира иштирок намуданд.

     Зимни баргузории озмун кадбонувони ҳунарманд аз ҷамоату деҳоти гуногуни ноҳия маҳорати баланди худро дар омода намудани хӯрокҳои миллӣ, ороиши дастархон ва пешниҳоди фарҳанги хонаводагӣ ба намоиш гузоштанд. Таомҳои омоданамуда на танҳо бо лаззати хос, балки бо тарзи зебои ороиш ва риояи суннатҳои миллӣ таваҷҷуҳи ҳайати ҳакамон ва меҳмононро ҷалб намуд. Ҳайати ҳакамон ба ҳар як иштирокчӣ аз рӯйи меъёрҳои муайян — маҳорати пухтупаз, тарзи пешниҳоди таом, тозагӣ, навоварӣ ва эҳтиром ба анъанаҳои миллӣ баҳо дода, сатҳи омодагии иштирокчиёнро баланд арзёбӣ карданд.

    Дар фарҷоми чорабинӣ ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмун аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ бо диплом, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

     Бояд зикр намуд, ки баргузории чунин озмунҳо дар таҳкими арзишҳои миллӣ, рушди фарҳанги хонаводагӣ ва боло бурдани мақоми зан дар ҷомеа нақши муҳим дошта, барои эҳёи суннатҳои неки ниёгон заминаи мусоид фароҳам меорад.

 

Вохӯрии аъзои гурӯҳи корӣ бо сокинони деҳаҳои Шайнаки Чинор, Маърифатӣ, Шайнаки Гадо ва Кампирқалъаи Ҷамоати деҳоти Чортеппа

     Рӯз, 16-уми апрели соли 2026 дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар мавриди вусъатбахшии корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ ва таҳкими худогоҳиву хештаншиносӣ миёни аҳолӣ, аъзои гурӯҳи корӣ бо истифода аз усули «Деҳа ба деҳа», бо сокинони деҳаҳои Шайнаки Чинор, Маърифатӣ, Шайнаки Гадо ва Кампирқалъаи деҳоти Чортеппа вохӯриву мулоқоти судманд анҷом доданд.

     Дар ҷараёни вохӯриву мулоқоти мазкур мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Мунира Мирзоева, мудири бахши дин ва танзими маросим Аминҷон Маннонов ва намояндагони Ҷамоати деҳоти Чортеппа бо сокинони деҳаҳои мазкур доир ба масъалаҳои моҳияти дин ва диндорӣ, тоза кардани имону эътиқод аз хурофот ва таассуб, анҷом додани корҳои хайру савоб, амсоли роҳсозӣ, обкашонӣ, инчунин, пешгирӣ аз таълимоти нодуруст ва ғайрирасмии динию мазҳабӣ, пешгирии тамоюл ба пӯшидани либосҳои бегона ва симои зоҳирии тақлидкорона бо баҳонаҳои сатру ҳиҷоб ва суннати исломӣ, дуруст шакл додани ақидаҳои динӣ ва имону эътиқод, риояи ҳатмии талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак» , ҳамзамон оид ба зарурати машғул шудан ба кори пурмаҳсул, дуруст танзим кардани раванди муҳоҷирати аҳолӣ ба хориҷи кишвар, афзалияти кор дар замин ва зарурати рӯёнидани ду-се ҳосил дар як сол, захираи маводи ғизоӣ барои на кам аз 2 сол, мақсадноку сарфакорона истифода бурдани неруи барқ, пешгирии талафот ва дуздии он, мусоидат дар пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳои хизматрасон, эҳсоси масъулият дар раванди татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, аз ҷумла, таъмини амнияти озӯқаворӣ, такомули фаҳмиши дурусти сиёсӣ, фаъол гардонидани мардум дар самти анҷом додани корҳои амалии созандагию бунёдкорӣ, таблиғу ташвиқи моҳияти ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот, баланд бардоштани эҳсоси масъулияти шаҳрвандон дар раванди давлатдорию давлатсозӣ сӯҳбатҳои самимӣ анҷом доданд.

     Илова бар ин, ҳайати гурӯҳ мавзуъҳои мубрами рӯз, аз ҷумла, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротӣ, ҷалби ҷавонон ба корҳои ободониву созандагӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии шаҳрвандон, ҷаҳонбинӣ ва эҳсоси худшиносиву худогоҳии миллӣ дар ҷомеа, тарғиби фарҳанги миллӣ ва мубориза бо таҳоҷуми фарҳангиву идеологӣ, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, пешгирии аз таҳсил дур мондани фарзандон, риояи талаботи қонунгузории кишвар ва дигар масъалаҳои мавриди назар суҳбат карданд. Дар ҷараёни вохӯриву мулоқоти мазкур аз ҷониби сокинону фаъолон низ ба масъулин оид ба ҳалли масъалаҳои мубрами рӯз таклифу дархостҳои судманд пешниҳод гардид.

 

Рӯз, 14-уми апрели соли 2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки и.в. раиси ноҳия Нусратулло Салимзода маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия дар семоҳаи аввали соли 2026 баргузор гардид.
Дар маҷлис муовини якум, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони бахшу шуъбаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, сардорони сохторҳои мақомоти суд, прокуратура, ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони соҳаҳои молия, тандурустӣ, маориф, фарҳанг, ташкилоту идораҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, хоҷагидорон ва дигар фаъолон ширкат варзиданд.

Маҷлис бо сухани ифтитоҳии и.в. раиси ноҳия Нусратулло Салимзода оғоз шуд. Сипас, барои ироаи ҳисобот сухан ба муовини якуми раиси ноҳия Аҳлиддин Шарифзода дода шуд. Дар суханронии хеш муовини якуми раиси ноҳия фаъолияти тамоми самтҳои ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳияро семоҳаи аввали соли 2026 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, вобаста ба натиҷаҳои бадастомада ҳисоботи муфассал ироа кард. Қайд гардид, ки давоми семоҳаи аввали соли 2026 дар ноҳияи Рӯдакӣ баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти амалишавии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, иҷрои нақша ва дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳои инкишофи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ҳамчунин дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои мушаххас ва чораҳои амалӣ андешида шуданд. Дар натиҷаи чунин тадбирандешиҳо давоми семоҳаи аввали соли 2026 соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳия муттасил рушд намуда, ҳама соҳаҳо натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд.
Зикр гардид, ки накшаи кисми даромади буҷети маҳаллӣ дар семоҳаи якуми соли 2026 ба маблағи 95 млн 999 ҳазор сомонӣ иҷро гардид, ки ин 116,0 фоизи нақшаро дар бар мегирад ва аз нақшаи пешбинигардида 13 млн 487 ҳазор сомонӣ ва нисбати ҳамин давраи соли гузашта 22 млн 186 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Мувофики нақша қисми хароҷоти буҷети ноҳия дар семоҳаи якуми соли 2026 маблағи 129 млн 84 ҳазор сомонӣ буда, иҷроиш 116 млн 908 ҳазор сомонӣ ё 90,6 фоизро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 ба маблағи 28 млн 360 ҳазор сомонӣ ё 32,0 фоиз зиёд мебошад.
Гуфта шуд, ки ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар семоҳаи якуми соли 2026 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия 142 млн 399 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 105,6 фоизро ташкил медиҳад. Мувофиқи ҳисоботи оморӣ то санаи 1 апрсли соли 2026 дар хоҷагиҳои ҷамъиятию деҳконии ноҳия дар майдони 3998 га кишти зироатҳои баҳорӣ гузаронида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 76,3 фоизро ташкил медиҳад, ки аз ин кишти ғалладонагиҳо бо ҷуворимаккадон 2537 га, сабзавот 110,5 га, картошка 439,1 га ва дигар зироатҳои кишоварзӣ 911 га мебошад.
Тазаккур дода шуд, ки дар баробари тақвияти корҳои созандагӣ ва тозагию ободонӣ дар ноҳия корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ васеъ ба роҳ монда шуда, вобаста ба ин дар машварати кории назди раиси ноҳия баҳри корҳои созандагию бунёдкориҳо, кабудизоркунӣ ва пешгирии тақсимоти ғайриқонунии заминҳо ба масъулини соҳаҳо ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дастуру супоришҳои мушахас дода шудааст.
Дар ҳамин радиф бо мақсади вусъат бахшидани раванди корҳои ободонию кабудизоркунӣ бо иштироки сокинон ва коллективҳои меҳнатии ташкилоту муассисаҳо ва вазорату кумитаҳои болоӣ ҳашарҳо ташкил карда шуда, дар маҷмуъ 25 ҳазору 773 бех дарахтон ва 30 ҳазор бех гулу буттаҳо шинонида шудааст.
Оид ба соҳаи саноат ва энергетика гуфта шуд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар семоҳаи якуми соли 2026 ба маблағи 193,6 млн сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 2025 37,1 млн сомонӣ зиёд гардида, суръати афзоиши он 119,6 фоизро ташкил медиҳад. Шабакаҳои барқи ноҳия дар ин давра ба корхонаю ташкилот ва аҳолии ноҳия ба маблағи 45 млн 132 ҳазор сомонӣ хизматрасонӣ намудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 159,5 фоизро ташкил медиҳад. > Умеда Газета: Гуфта шуд, ки вобаста ба иҷрои ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия бо ҷалби маблағҳои буҷетӣ, соҳибкорон ва аҳолии ноҳия корҳои созандагию бунёдкорӣ бо маром идома дошта, дар ссмоҳаи якуми соли 2026 ба маблағи зиёда аз 10 млн 200 ҳазор сомонӣ корҳои ободониву созандагӣ амалӣ гардиданд.
Вобаста ба соҳаҳои иҷтимоии ноҳия иброз гардид, ки дар семоҳаи якуми соли 2026 дар ин соҳаҳо, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, фарҳанг, занон ва ҷавонон бо вуҷуди пешравиҳо камбудию норасоиҳо низ ҷой доранд. Барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва баланд бардоштани савияи донишандӯзии хонандагон, саривақт ба дарсҳо ҳозир гаштани онҳо, ҳифзи саломатӣ ва расонидани хидмати тиббӣ ба аҳолии ноҳия, пешгирии паҳншавии фарҳанги либоспӯшии бегона аз ҷониби занону духтарон, ришмонии барвақтию норабт аз ҷониби наврасону ҷавонон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ масъулини соҳаи иҷтимоиро зарур аст, ки дар ин самт тамоми чораҳои заруриро андешанд.
Оид ба таҷлили сазовори ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлолидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалисозии фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” гуфта шуд, ки дар ноҳия нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардида, дар ин самт корҳо идома доранд. Аз 369 иншооти банақшагирифташуда ба ҳолати 1 апрели соли 2026-ум 352 иншоот (95,3 фоизи нақша) мавриди истифодабарӣ қарор дода шудааст.
Дар идома, и.в. раиси ноҳия Нусратулло Салимзода суханронӣ карда, натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Рӯдакӣ дар семоҳаи аввали соли 2026-ро баҳогузорӣ кард. Мавсуф зарурати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва таҳкими ҳамоҳангии фаъолияти сохторҳои масъулро барои ноил шудан ба нишондиҳандаҳои боз ҳам баланд дар давраи минбаъда таъкид намуд.
Аз натиҷагирии фаъолияти пурсамари аҳли ноҳия, дар умум, натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Рӯдакӣ дар семоҳаи аввали соли 2026 қаноатбахш арзёбӣ гардида, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта хулосабарорӣ ва бо назардошти пешниҳодҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.