Баҳри вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ дар шаҳраку маҳаллаҳо, кӯчаву хиёбонҳо ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ дар кишвар Фестивали гулҳо таҳти унвони "Сайри гули лола" баргузор гардида истодааст.

Рӯз, 11-уми апрели соли 2026 дар боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Рӯдакӣ даври ноҳиявии Фестивали гулҳо - "Сайри гули лола" доир шуд, ки дар он намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳо ширкат варзиданд.

Ҳамзамон, дар ин рӯз аз ҷониби гулпарварон навъҳои гуногуни гулҳои ороишӣ ва аз тарафи ҳунармандон намоиши ҳунарҳои мардумӣ пешкаши иштирокчиёни фестивал гардид.

Аз ҷараёни баргузории Фестивали гулҳо "Сайри гули лола" муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Неъматулло Давлатзода ва дигар намояндагони сохторҳои давлатӣ дидан намуда, ба иштирокчиён баҳои баланд доданд.

Зимни суханронӣ муовини раиси ноҳия Неъматулло Давлатзода зикр кард, ки ҳадафи асосии баргузории ин фестивал тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, отифанигорӣ, хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ, оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини миллӣ, ҷалби бештари сокинон ба корҳои ободонию кабудизоркунӣ, баланд бардоштани завқи эстетикӣ, зебоишиносӣ, сатҳи маърифати экологии сокинон ва тозагии муҳити зист мебошад. Гуфта шуд, ки “Сайри гули лола” ин анъанаи миллати тоҷик буда, рамзи зебогӣ ва фарҳанги мардум ба ҳисоб меравад.

Дар доираи фестивал аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия баҳри иштирокдорон барномаи рангини консертӣ пешкаш гардонида шуд.

Дар ҷамъбасти фестивал ғолибон муайян гардида, бо Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои хотирмони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ мукофотонида шуданд.

Рӯз, 11-уми апрели соли 2026 ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби васеи кормандони ташкилоту муассисаҳо, сокинони маҳаллӣ, ҷавонони фаъолу донишҷӯён дар ҳудуди ноҳия шанбегии умуминоҳиявӣ баргузор гардид.

Дар доираи ин иқдоми муҳимми ҷамъиятӣ иштирокчиён ба тозаву озода намудани кӯчаю хиёбонҳо, маҳаллаҳои аҳолинишин, гирду атрофи муассисаҳо, роҳраву канори роҳҳо машғул гардида, партовҳои маиширо ҷамъоварӣ ва ба ҷойҳои махсус интиқол доданд. Ҳамзамон, корҳои нармсозии замин, сафедкунии дарахтон, шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ ва ба тартиб даровардани минтақаҳои сабз низ ба роҳ монда шуд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки чунин шанбегиҳо дар баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва таҳкими ҳисси масъулияти шаҳрвандон нисбат ба муҳити зист нақши муҳим доранд.

Ҳадафи асосии баргузории чунин иқдомҳо тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист, фароҳам овардани фазои зебову мусоиди истироҳатӣ барои шаҳрвандон, инчунин, вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ дар остонаи ҷашнҳои миллӣ мебошад.

     Рӯз, 9- уми апрели соли 2026 бо ибтикори шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ даври ҷамоатии Озмуни ҷумҳуриявии "Кадбонуи беҳтарин" дар ноҳияи Рӯдакӣ баргузор гардид.

    Дар чорабинии мазкур мудири шуъбаи кор бо занон ва оила Усмонзода Моҳира, мудири шуъбаи рушди иҷтимои ва робита бо ҷомеа Мирзоева Мунира, сармуҳаррири рӯзномаи насими айём Алимова Умеда, мудири бахши ҳифзи иҷтимои Остонаева Гулрухсор ва аъзоёни ҳакамони озмун иштирок намуданд.

     Мақсад аз баргузории озмуни ҷумҳуриявии "Кадбонуи беҳтарин " ҳавасмандгардонӣ ва ҷалби кадбонуҳо, занони соҳибзавқ ва ҳунармандони моҳир, эҳёи таомҳои миллию маҳаллии азбайнрафта ва ривоҷ додани пухтупази таомҳои миллӣ дар тарабхонаву ошхонаҳо, омода намудани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона, маърифати хонадорӣ ва завқи дастархонороӣ, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ, ошноӣ ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ ба ҳисоб меравад.

    Дар озмун сокинони ҷамоати деҳоти Лоҳур аз рӯи шартҳои озмун ширкат варзиданд. Дар фарҷоми озмун ғолибон бо дипломи дараҷаи 1, 2, 3 ва бо тӯҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ қадрдонӣ гадиданд. Ҳамзамон, баҳри болидарӯҳии иштирокчиён барномаи консертии бахши фарҳанги ноҳия пешкаш гардид, ки ба чорабинӣ боз ҳам шаҳомати хосса бахшид. Бояд қайд намуд, ки озмуни мазкур дар дигар ҷамоатҳо низ идома меёбанд.