- Диданд: 300
ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МТМУ №111
Дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 25-уми март бо иштироки раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №111, воқеъ дар деҳаи Буриёбофи ҷамоати деҳоти Сарикиштӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар расми ифтитоҳи бинои иловагии муассиса кормандони соҳаи маориф, омӯзгорону хонандагон ва сокинони деҳаи мазкур ширкат варзиданд.
Бинои иловагӣ бо ташаббус ва саҳми соҳибкори маҳаллӣ сохта ба истифода дода шуда, аз 5 синфхона ва 1 утоқи корӣ иборат мебошад ва барои таҳсили 240 нафар хонанда дар 2 баст пешбинӣ гардидааст.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар муассисаи таълимӣ 430 нафар хонанда, аз ҷумла 202 нафар духтар, ба таҳсил фаро гирифта шудааст. То ин замон бо сабаби норасоии ҷойи нишаст дар муассиса дарсҳо дар се баст ҷараён мегирифт. Бо ифтитоҳи синфхонаҳои иловагӣ аз ин пас дарсҳо дар муассиса дар ду баст гузаронида мешаванд.
Дар муассисаи таълимӣ 23 нафар омӯзгор, аз ҷумла, 15 нафар зан ба таълиму тарбияи насли наврас машғул ҳастанд.
- Диданд: 303
ВОХӮРӢ БО КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФ
26-уми феврали соли 2024 раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода бо кормандони соҳаи маорифи ноҳия вохӯрӣ баргузор намуд. Дар вохӯрӣ муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳ, намояндагони сохторҳои қудратӣ, кормандони раёсати маориф, директорони муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорон ширкат варзиданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ раиси ноҳия оид ба ҳолати кунунӣ, муваффақияту дастовардҳо ва камбудиву мушкилоти соҳаи маориф ёдоварӣ намуда, вазъи соҳаро дар ноҳия мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод. Гуфта шуд, ки “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати пешгирифтаи хеш соҳаи маорифро самти афзалиятнок дониста, доимо таъкид менамоянд, ки ояндаи миллат ва фардои давлат ба наслҳои ватандӯсту ватанпарвар, бонангу номус, дорои ҳисси баланди миллӣ, соҳибмаърифату донишманд, забондон ва дорои ҷаҳонбинии васеъ вобастагӣ дорад”. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дар партави ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду пешрафт ва инкишофу ташаккули соҳаи маориф ва ба роҳ мондани таълиму тарбияи дурусти насли наврас беш аз пеш талош варзем.
Зимни таҳлили вазъи соҳа ба масъалаҳои фарогирии бештари кӯдакон ба зинаи таҳсилоти томактабӣ, ҳалли мушкилоти норасоии ҷойи нишаст дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, таваҷҷуҳ ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, истифодаи дурусти кабинетҳои фаннӣ, бартарафсозии норасоии кадрӣ, дастгирии омӯзгорони ҷавон, иштироки фаъолонаи хонандагону омӯзгорон дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, фарогирӣ ба зинаи таҳсилоти сеюм (синфҳои 10-11), пешгирии ҳолатҳои аз таҳсил дур мондани кӯдакон, роҳ надодан ба таҳсилоти ғайриқонунии динӣ ва тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯсиву ватанпарварӣ, диққати асосӣ равона карда шуд.
Дар рафти вохӯрӣ раёсати маориф ва роҳбарони муассисаҳои таълимии ноҳия вазифадор карда шуданд, ки иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2020, №647 “Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030”-ро таъмин намоянд.
Супориш дода шуд, ки дар муассисаҳои таълимӣ барои баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва ҷаҳонбинии хонандагон дар асоси нақшаи чорабиниҳо боздиди дастаҷамъии хонандагон аз Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, донишгоҳҳои олии мамлакат ва дигар маконҳои таърихию фарҳангӣ ташкил карда шавад.
Дар хотимаи вохӯрӣ намояндагони соҳаи маориф ва омӯзгорон баромад намуда, таклифу пешниҳодҳои хешро дар самти рушду пешрафти соҳа баён карданд.
- Диданд: 166
ОЗМУНИ "КАДБОНУИ БЕҲТАРИН"
Дар санаи 9-уми марти соли 2024 дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳия даври ноҳиявии озмуни “Кадбонуи беҳтарин” баргузор гардид. Дар озмун занони соҳибзавқу ҳунармандони моҳир иштирок карда, ҳама намуди таомҳои миллии тоҷиконаро омода намуда, ба маърази тамошо гузоштанд.
Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода бо ҳамроҳии муовини якум, роҳбари дастгоҳи ноҳия ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот аз чорабинӣ дидан карда, ба ҳунари иштирокчиён баҳои баланд дода, ба онҳо бурдбориҳо орзу намуданд.
Бояд гуфт, ки мақсад аз баргузории озмун ҳавасмандгардонии занону бонувони ҳунарманд ва эҳёи таомҳои миллӣ ва омода кардани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ ва завқи дастархонороии онҳо мебошад.
Пас аз натиҷагирии озмун ғолибон бо Сипоснома, туҳфаҳои пулӣ ва хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ мукофотонида шуданд
Саҳифаи 7 аз 9

