БАРГУЗОРИИ ФЕСТИВАЛ - ОЗМУНИ «ЯК МАТОВУ САД РАНГ» ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЭСАНБОЙ

    Санаи 26-уми апрели соли 2026 дар Ҷамоати деҳоти Эсанбой Фестивал-озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Як матову сад ранг» бо ташаббуми шуъбаи кор бо занон ва оилаи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар фазои тантанавӣ ва рӯҳияи баланди миллӣ баргузор гардид.

     Дар ин чорабинии пуршукуҳ мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ Усмонзода Моҳира, намояндаи раёсати маорифи ноҳия Саидмуродзода Муслима ва намояндагони Ҷамоати деҳоти Эсанбой иштирок ва суханронӣ карданд. Иштирокчиён бо либосҳои миллии зебо ва рангоранг ҳунару фарҳанги тоҷиконро муаррифӣ намуда, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба худ ҷалб карданд. «Як матову сад ранг» танҳо як ибора нест — он фалсафаи зиндагист. Ин сухан аз он шаҳодат медиҳад, ки зиндагӣ мисли матои нозук бо садҳо ранг оро ёфтааст: шодӣ ва ғам, умед ва орзу, меҳнат ва комёбӣ. Ҳар инсон метавонад бо рафтору андешаҳои нек зиндагии худро рангоранг ва зебо созад.

     Дар фарҳанги пурғановати тоҷикон, матоъбофӣ ва гулдӯзӣ рамзи завқи баланд, заҳмати софдилона ва ҳунари воло ба шумор меравад. Ҳар нақшу нигор қиссае дорад, ҳар ранг маъние. Ин ҳама бозгӯи таърих, анъана ва рӯҳи зиндаи миллат аст. Ин фестивал на танҳо намоиши либосҳои миллӣ, балки ҷашни худшиносӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба мероси фарҳангии мост.

      Вохӯрии навбатӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №30 ва №52-и деҳаи Шӯриёни Ҷамоати деҳоти Эсанбой.

    Дар асоси нақшаи муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои дахлдори ноҳия бо усули "Мактаб ба мактаб" рӯзи 22-юми апрели соли 2026 гурӯҳи корӣ бо хонандагон, омӯзгорон ва маъмурияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №30 ва №52-и деҳаи Шӯриёни Ҷамоати деҳоти Эсанбой вохӯрӣ анҷом доданд.

    Дар вохӯрии мазкур муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Зарина Исмоилзода, раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳия Ҳамидзода Насимҷон,муовини раёсати маориф Қодирзода Баҳриддин, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Мирзоева Мунира ва Сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии "Насими айём" Умеда Алимова иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар вохӯрӣ муҳтавои Паёми Пешвои миллат, масъалаҳои муҳимми рӯз, роҳ надодан ба пӯшидани либоси бегона, пешгирии аз таҳсил дур мондани фарзандон, интихоби касб, тарғиби фарҳанги миллӣ, "Шоҳнома"-хонӣ, баланд ба роҳ мондани раванди таҳсил, иштироки фаъолона дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва ғайра мавриди таҳлилу муҳокима қарор гирифтанд.

     Бояд гуфт, ки чунин вохӯриҳо дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия тибқи нақшаи чорабиниҳои гурӯҳи муштарак идома доранд.

 

Санаи 3 – юми апрели соли ҷорӣ дар Муассисаи тахсилоти томактабии №5- деҳаи Мавҷи Ҷамоати шаҳраки М. Турсунзода чорабинии тантанавӣ ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Исмоилзода Зарина, муовини сардори раёсати маорифи ноҳия Қодирзода Баҳриддин, мудири бахши томактабии раёсати маориф Раҳматуллоева Мақсуда, роҳбарият ва мураббиёну кормандони муассиса иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар чорабинӣ аз ҷониби кӯдакон шеърҳо дар васфи фасли баҳор ва Наврӯз қироат гардид. Ҳамзамон кӯдакон бо либосҳои миллӣ рақсҳои зебои тоҷиконаро пешкаши ҳозирин намуданд, ки ба фазои идона ҳусну таровати тоза зам намуд. Баргузории чунин чорабиниҳо миёни насли хурдсоли ҷомеа, аз пайравии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри дар роҳи ватандӯстӣ ва меҳанпарастӣ тарбия намудани насли оянда ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ мебошад.