Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани маҳорату малакаи касбият ва боло бурдани донишу ҷаҳонбинӣ ва дарёфти омӯзгорони боистеъдоду эҷодкор озмуни ҷумҳуриявии "Омӯзгори сол" баргузор мегардад.
Тибқи талаботи Низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин фармоиши сардори раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ аз 17-уми феврали соли 2024 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ноҳия даври ноҳиявии озмуни "Омӯзгори сол - 2026" доир шуд.
Дар озмун довталабон аз муассисаҳои таъл
Вобаста ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ , Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ ироа гардид ва дар асоси супориши иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ муҳтарам Салимзода Нусратулло 16- уми феврали 2026 муовини раиси ноҳия Исмоилзода Зарина дар доираи барномаҳои нозиротӣ ва рушди соҳаи маориф аз муассисаҳои томактабии №13- и деҳаи Истиқлол ва Кӯдакистони № 15- и Ҷамоати деҳоти шаҳраки М. Турсунзода боздид ба амал овард.

3-юми апрели соли 2024 ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи кории вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва аҳли ҷамоатчигии ноҳияи Рӯдакӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори Вазорати маориф ва илм ва дигар шахсони дахлдор иштирок намуданд.

      Ҳадаф аз ҷаласа иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои миллат буда, дар он масъалаҳои пешгирии муноқишаҳои хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ ва берун аз он, таъмини иштироки фаъоли хонандагон дар дарсҳо, пешгирии гаравидани омӯзгорону хонандагон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун, пешгирии паҳншавии андешаҳои хурофотӣ миёни хонандагону омӯзгорон, гироми дошти арзишҳои миллӣ, риояи аз бар кардани либосҳои тавсиявӣ аз ҷониби хонандагон, бо худ овардани китобҳои дарсӣ аз ҷониби хонандагон, пардохти ғайринақдии маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ, ҳамкорӣ бо кумитаҳои падару модарон дар масъалаи ба бар кардани либосҳои тавсиявӣ, сабзу хуррам гардонидани атрофи муассисаҳои таълимӣ,