- Диданд: 12
Рӯзи 2-юми марти соли 2026 дар толори раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи навбатии мушовараи раёсати маориф аз рӯйи се масъала баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Зарина Исмоилзода, сардори раёсати маорифи ноҳия Нуралӣ Ализода, кормандони масъули раёсат, роҳбарони марказҳои таълимӣ, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва мудирони муассисаҳои томактабӣ ширкат варзиданд.
Ҷаласаро сардори раёсати маорифи ноҳия ифтитоҳ намуда, доир ба фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, иҷрои нақшаи таълим, раванди таъмини муассисаҳо бо кадрҳои соҳибихтисос, раванди таълиму тарбия суханронӣ намуд. Зикр гардид, ки фаъолияти пурсамари муассисаҳои таълимӣ, ҳамоҳангсозии дурусти кор бо омӯзгорон ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар самти маориф аз муҳтавои асосии сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бахши маориф бармеояд.
Сипас, муовини раиси ноҳия Зарина Исмоилзода оиди сазовор ҷашн гирифтани Наврӯзи ҷаҳонӣ, шинонидани гулу ниҳолҳо, самти даъвати ҳарбӣ ва санҷиши боғчаҳо, инчунин
дар мавзуи таҳкими масъулияти шахсӣ ва хизматии роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, беҳтар намудани сатҳу сифати таҳсил ва бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта суханронӣ намуд.
Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои назорати раванди таълим, иҷрои дастуру супоришҳо, озмунҳои ҷумҳуриявӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар анҷоми ҷаласа оид ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои
дахлдор қабул гардид.
- Диданд: 16
Имрӯз, 17-уми феврал дар толори Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Буйдоқов вохӯрии прокурори ноҳияи Рӯдакӣ, мушовири адлияи дараҷаи 1 Мутеъулло Раҷабзода бо омӯзгорон ва донишҷӯёни муассиса баргузор гардид.
Чорабинӣ ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳимми Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 16 декабри соли 2025 ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардида буд, бахшида шуд.
Дар оғози вохӯрӣ директори муассиса Салоҳидин Разоққзода меҳмононро хайрамақдам гуфта, ҳадафу аҳаммияти чорабиниро шарҳ дод. Сипас, сухан ба прокурори ноҳияи Рӯдакӣ, мушовири адлияи дараҷаи 1 Мутеъулло Раҷабзода дода шуд.
Зимни баромади худ прокурори ноҳия муҳтавои Паёми Сарвари давлатро дар самти таҳкими давлати ҳуқуқбунёд, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷомеа, масъулияти шаҳрвандӣ ва нақши ҷавонон дар рушди устувори кишвар муфассал тавзеҳ дод.
Илова бар ин, прокурори ноҳияи Рӯдакӣ дар хусуси масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла, риояи бечунучарои талаботи қонунгузории кишвар дар самти масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак, танзими ҷашну маросим, истифодабарии мақсадноки интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ, пешгирии оворагардии шабона, мубориза бо шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротӣ, роҳ надодан ба бегонапарастӣ, тақлид ба фарҳанги бегона, риояи пӯшидани сару либоси миллӣ, ҷалби ҷавонону наврасон ба корҳои созандагиву ободонӣ ва ташаккули эҳсоси баланди ватандӯстиву меҳанпарастӣ дар ҷомеа андешаронӣ кард
Таъкид гардид, ки Паёми Президент ҳамчун ҳуҷҷати роҳнамо барои тамоми қишрҳои ҷомеа, бахусус, ҷавонон ва аҳли маориф, хидмат намуда, иҷрои дастуру супоришҳои он заминаи муҳим барои пешрафти соҳаҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии мамлакат ба ҳисоб меравад.
- Диданд: 29
Даври муассисавии озмуни ҷумҳуриявии "Кадбону беҳтарин" дар ноҳияи Рӯдакӣ
Имрӯз санаи 17-уми феврали соли 2026 бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар гимназияи тоҷикӣ- русии ба номи А.С Пушкин дар ш.Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ озмуни "Кадбонуи беҳтарин" баргузор гардид.
Дар озмун муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Исмоилзода Зарина, мудири шуъбаи кор бо занон ва оила Усмонзода Моҳира, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Мирзоева Мудира, сармуҳаррири рӯзномаи "Насими айём" Алимова Умеда, намояндаи раёсати маорифи ноҳия Саидмуродзода Муслима иштирок намуданд.
Дар озмуни мазкур омӯзгорон духтарони синфҳои болоӣ иштирок намуда, ҳунару маҳорат ва тарзи пухтани хӯрокҳои миллӣ ва муосирро ба ҳозирон нишон дода, беҳтаринҳо ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд.
Саҳифаи 3 аз 8

